Ба Русия омадани муҳоҷирон ҳатто дар пасманзари қисман сафарбарсозии ҳайтаи захираҳои ҳарбӣ ба артиш дар Русия тағйир наёфт, изҳор доштааст ба “Известия” роҳбари Маркази таҳқиқоти таҳлилӣ ва амалии равандаҳои муҳоҷират Вячеслав Поставнин.
Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи вай, шаҳрвандони хориҷиии муқими Русия бо доштани Иҷозаи зисти муваққатӣ (РВП) ё Ҳуҷҷати иҷозаи зист (ВНЖ) қаноат карда, ҷараёни гирифтани шиносномаро ба вақти дигар мегузоранд.
“Мисли пешина шаҳрвандони Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Қирғизистон дар Русия кору зиндагӣ кардан мехоҳанд. Инчунин шаҳрвандони Озарбойҷону Арманистон ва Украинаву Молдова низ. Зеро дар ин ҷойҳо бахусус дар Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ҷойҳои корӣ зиёд нашуда, рӯзгорашон ҳам беҳбудӣ наёфтааст. Дар Русия бошад, шуғлу сатҳи баланди маош боқӣ монд”, - иброз доштааст ӯ.
Ба ақидаи Поставнин, дар робита ба маъракаи қисман сафарбарӣ ба амалиёти низомии махсус танҳо рафтори касоне, ки мехостанд шаҳрвандии Русияро ба даст оранд, тағйир ёфтааст.
“Пеш аз ҳама, сухан дар бораи шаҳрвандони он кишварҳое меравад, ки раҳбарияти онҳо иштироки шаҳрвандони худро дар амалиёти ҷангӣ дар қаламрави Украина, ҳатто то ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашидан барои ин кор манъ кард. Бахусус, ин ба шаҳрвандони Тоҷикистон дахл дорад”, - гуфтааст коршинос.
Номбурда зикр кардааст, ки чунин тамоиле вуҷуд дорад, ки хориҷиён ҷараёни гирифтани шиносномаро мутаваққиф карда, бо доштани Иҷозаи зисти муваққатӣ (РВП) ё Ҳуҷҷати иҷозаи зист (ВНЖ) қаноат мекунанд.
“Бо ин ҳуҷҷатҳо кору зиндагӣ кардан мумкин аст. Занони хориҷӣ, ки ба маъракаи қисман сафарбарӣ ба артиш ҷалб намешаванд, мисли пешин ба корашон ва гирифтани шиносномаи Русия идома медиҳанд”, - илова намудааст Вячеслав Поставнин.
Моя соседка бьет ребенка. Что я могу сделать?
Традиционная китайская свадьба: как она на самом деле проходит?
Правила жизни Эмомали Рахмона
Премьер-министр Таджикистана заявил о нарушении прав и свобод таджикистанцев в России
Адама Кадырова включили в Книгу рекордов России
Как сделать литературный таджикский язык популярным?
В Узбекистане принят закон «О креативной экономике». Как он поможет креативному бизнесу?
Что пожелали Эмомали Рахмону лидеры Китая и Узбекистана?
Путин анонсировал встречу с Эмомали Рахмоном в Москве
ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Первые электроавтобусы, экстремизм через «интернет-имамов» и миллионы для Рогуна
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста