Шаҳрдории Кобул таҳти идораи Толибон* чанрӯз пеш “глобус” ё “курраи замин”-ро дар яке аз хиёбонҳои пойтахт рӯнамоӣ кард, ки дар он ҳудуди Афғонистон ё ба қавли намояндагони ин гурӯҳ, “Имороти исломии Афғонистон” бамаротиб бузургтар аз ҳудуди воқеии ин давлат тасвир ёфтааст.
Дар ин курраи замини сохтаи Толибон ҳудудҳое аз давлатҳои Эрону кишварҳои Осиёи Марказӣ ба қаламрави Афғонистон ҳамроҳ карда шудааст. Дар ин харита мушоҳида мешавад, ки Афғонистон бо Қазоқистон сарҳади муштарак дорад.
Ин “курраи замин”-и Толибон миёни корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ вокунишҳои зиёдеро ба бор овард. Онҳо бо интиқоди “курраи замин”-и Толибон рӯйи ду масъала таъкид кардаанд: бехабариву ҷоҳилияти мутлақ ва тавсеаталабиву барҳам задани марзҳо дар минтақа.
Мақомҳои Толибон баръакс, аз ин “ихтиро”-и худ тавсиф карда, онро яке аз дастовардҳои шаҳрдории Кобул хондаанд. Бахши форсии BBC бо такя ба манобеи худ менависад, ки “қутри ин курра 8 метр, вазни он 2 тонна буда, мутаҳаррик низ дорад ва дар як дақиқа панҷ маротиба чарх мезанад”.

Тавре ин расона менависад, дар шарҳи тағйири марзҳо ва “ишғоли қаламрави давлатҳои дигар” Исматуллоҳ Ҳабибӣ, муҳандиси ин курра гуфтааст, ки “ин амал сирф барои “барҷастатар” нишон додани кишвар анҷом дода шудааст”.
“Ин муҳандис гуфтааст, мо рӯйи нақшаи Афғонистон зум кардем, то мардум кишварашонро бишносанд”, - менависад бахши форсии BBC.
Убайд Вардак, нафаре, ки нақшаи заминро рӯйи ин курра наққошӣ кардааст, гуфтааст, барои ин кор чаҳор рӯз болои нардбон кор кардааст.
Ёдовар мешавем, ки Толибон дар моҳи августи соли 2021, пас аз 20 соли фирор аз давлат ва ҷангу хунрезии зиёд, дубора қудратро дар Афғонистон ғасб карданд ва низоми ҷумҳуриятро барҳам зада, қавонини худро болои мардум ҷорӣ намуданд. Ин гуруҳ дар рӯзҳои аввали ғасби қудрат таъкид карда буд, ки дигар гурӯҳи ваҳшии солҳои қабл нест ва муътадил шудааст, аммо бо гузашти беш аз як сол таъқибу фишор ба маҳдудкунии ҳуқуқи бунёдии сокинони кишварро ба маротиб бештар намуд.
Ҳамчунин, бо фароҳам овардани макони амн барои гуруҳҳои террористӣ ва ҷангу куштори гуруҳӣ дар вилояти Панҷшер, мавриди эътирози ҷомеаи ҷаҳон қарор гирифт.
*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.





ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста