Энтони Блинкен, вазири корҳои хориҷии Амрико пас аз мулоқоти худ бо Владимир Норов, вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон гуфтааст, ки аз созиши Ӯзбекистону Қирғизистон дар масъалаи таъйину аломатгузории марз истиқбол мекунад ва онро паёме ба кишварҳои минтақа ҷиҳати ҳалли мусолиҳатомези баҳсҳои марзӣ меҳисобад. Дар ин бора, centralasian.org хабар медиҳад.
Энтони Блинкен ин изҳороти худро 12-уми декабр, зимни баромади якҷоя бо Владимир Норов дар Департаменти давлатии Амрико иброз намудааст.
“Чун ҳамеша қайд мекунам, ки ИМА аз соҳибихтиёрӣ, истиқлол ва тамомияти арзии Ӯзбекистон ҷонибдорӣ мекунад. Ман аз таъйин ва аломатгузории марзи Ӯзбекистон бо Қирғизистон истиқбол менамоям. Ин сигнали неруманде аст, барои кишварҳои дигари минтақа, ки баҳсҳои марзиро мешавад бо роҳи дипломатӣ ҳал кард”, - афзудааст ӯ.
Гуфтан ба маврид аст, ки пас аз баҳсҳои зиёд, моҳи ноябри соли ҷорӣ ин ду давлат дар масъалаи таъйину аломатгузоии марз тавонистанд ба мувофиқа расанд ва созишномаи ниҳоиро ба тасвиб расонанд.
Тасвиби созишнома дар Ӯзбекистон ба таври сокит ва бидуни баҳси зиёд ҷараён гирифт, аммо дар Қирғизистон боиси баҳсҳои зиёд гардид. Махсусан, ба ихтиёри Ӯзбекистон гузаштани мудирияти обанбори Кампиробод дар Қирғизистон гирдиҳамоиҳоро дар пай дошт, ки мақомоти Қирғизистон тавонистанд бо боздошту ҳабси эътирозгарон онро хомӯш кунанд.
Ҳамин тавр, дар назар буд, ки зимни сафари Шавкат Мирзиёев, ки моҳи декабр дар назар дошта шуда буд, созишномаҳои ба тасвибрасида миёни ду кишвар дар масоили сарҳадӣ табодул карда шаванд, аммо ин сафар бекор карда шуд.
Баҳси марзии дигаре, ки ҳоло дар минтақа боқӣ мемонад, миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон аст. Тоҷикистон ва Қирғизистон дар масъалаи мушаххассозии хати сарҳад миёни ду кишвар баҳсҳои шадид доранд ва баъзан ин баҳсҳо боиси сар задани муноқиша дар сарҳад низ мешавад. Охирин муноқишаи мусаллаҳона дар сарҳади ин ду кишвар 14-17-уми сентябри соли ҷорӣ рух дод, ки дар натиҷаи он аз ҳар ду ҷониб даҳҳо нафар куштаву садҳо каси дигар захмӣ шуданд.
Страсть к скорости. Как таджикский гонщик покорил Поднебесную
Сколько будут стоить салаты для новогоднего стола-2025 в Таджикистане?
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 15 декабря 2024 года
Карточки для чайников: зачем нужны ледники и почему они тают?
Бывший футболист избран новым президентом Грузии
Жизнь, достойная подражания. Посвящается 100-летию Рауфа Дадабаева
Парламент Южной Кореи объявил импичмент президенту страны
От курутоба Гиссара до форели Варзоба. Как в Таджикистане организовать кулинарный туризм?
Праздник Весны: как китайский Новый год объединяет миллионы людей
Потребительская уверенность в Таджикистане выросла после трех месяцев падения
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста