Ҳафиз Раҳмон, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ки чанд сол шуд дар озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ” ба ҳайси ҳакам иштирок мекунад, пас аз анҷоми озмуни имсола, дар саҳифаи фейсбуки хеш андешаву мушоҳида ва пешниҳодҳояшро ба унвони масъулини баргузории ин озмун ва вазорати маориф ва илми кишвар нигоштааст, ки “Азия-Плюс” нашри онро ба манфиат донист.  

Ҳамин дина духтараке дар даҳлези донишгоҳ бо банда гарм салом дода мепурсад:

- Ман иштирокчии “Фурӯғ” будам, бахтам омад накард, имсол уфтодам...

- Ин хел нагӯед, Шумо куҷо уфтодед, магар то даври ниҳоӣ омадан шараф нест? Шумо пирӯз ҳастед, духтари азиз...

- Саломат бошед, аммо ин гапро ҳама мегӯянд...

- Дуруст мегӯянд. Хеле муҳим аст, ки Шумо то ин ҷо омадед, кӯшиш кунеду соли оянда ҳам биёед...

- Ман ҳам ҳамин хел фикр мекунам, бояд то охир биравам, то пирӯз шудан...

- Кори дуруст мекунед. Ҳадафи китоб хондан мусобиқа нест... Дониш гирифтан аст, саъю талош кардан барои комил шудани худ аст...

- Шумо ба ман кӯмак мекунед?

- Чӣ кунам?

- Маслиҳат диҳед, ки кадом китобҳоро боз хонам... Ана рӯйхати китобҳои то кунун хондаи ман.

Рӯйхаташро дар ҳузураш варақ мезанам, чеҳраи беғубору ҷиддии ин духтараки мактабхон хира-хира ба ёдам меояд... Дар озмун баромади хуб дошт, нутқаш хубу зеҳнаш гиро буд... Аз ёду хотирам 15-20 китоби адибони машҳурро мегӯяму ӯ менависад.

Акс аз сомонаи Вазорати маориф ва илм

- Ҳоло бас, инҳоро, ки хондӣ, боз занг зан, асарҳои дигарро тавсия хоҳам дод.

- Не, мехоҳам инҳоро хонда биёяму Шумо пурсед. Саволу ҷавоб кунем. Ман танҳо не, чор нафар ҳастем...

- Духтари меҳрубон, агар ман ин корро ба уҳда гирам, кори донишгоҳ чӣ мешавад? Маро аз донишгоҳ пеш карданашон мумкин... Беҳтараш ба муаллиматон муроҷиат кунед, бояд кумак кунанд.

- Ин хел муаллим надорем. Мебахшеду лекин муаллим худаш ба ин рӯйхату ин асарҳо сарфаҳм намеравад...

Сухани ахираш андаке сахтам мерасад, ба ҳар ҳол, муаллим доност ё камдониш, муаллим аст... Бечора, ҳамон қадар мефаҳмад, ки мефаҳмад... Инро содатар карда ба ин духтар мефаҳмонам... Муаллимони хуб бисёранд, шояд вақт намеёбанд, аз пайи зиндагӣ ҳастанд...

- Гапатон дуруст, аммо ба мо чӣ? Мо чӣ гуноҳ дорем, ки муаллим он донише, ки мо аз ӯ гирифтан мехоҳем, надорад, аз пайи зиндагист ва имкони ёрӣ кардан надорад...

Ана , ба ин сухани духтараки зебо чӣ гуфтанамро надонистам... Чӣ ҳам мегуфтам? Воқеан, будани муаллимони донишманди адабиёти ҷаҳон дар шаҳру ноҳияҳо мушкилтарин муаммост...

Банда инро чаҳор сол боз, ки дар озмуни “Фурӯғ” довар ҳастам, эҳсос мекунам. Аввалин нишонаи ин проблема рӯйхати пешниҳодии довталабон аст: ҳатто дар номи муаллифон ва асарҳо ғалат меравад, пур-пури ғалат... Ҳол он ки ин рӯйхатҳо аз мактаб то ноҳия ва аз ноҳия то вилоят ва баъд аз вилоят то ҷумҳур мерасанд. Дар ин масир бояд масъуле бо назари ҷиддӣ он рӯйхатҳоро бубинад, ислоҳ кунад, мураттаб созад...

Дар шуъбаҳои маориф ҳам, гумонам, мутахассисони раҳнамо (методистон) ҳастанд, онҳо бояд ба ин кори муҳим ҷалб шаванд... Айб аст, ки аз як шаҳри бузург (фаразан, Бохтар, ё Хуҷанд, ё Хоруғ, ё Ваҳдат, истисное нест) як рӯйхати пурғалату пуриштибоҳ то марказ бирасад... Ба истиснои даҳ-понздаҳ довталаб банда номгӯйеро надидам, ки бехато бошад...

Акс аз АМИТ "Ховар"

Фаразан Гётеро Ҳуте навиштан мушкил надорад, чун ба тақозои забони худамон мувофиқ аст, аммо айб аст, ки ҳамин Ҳуте намояндаи Фаронса сабт шавад, на Олмон. Ин як мисоли одӣ. Банда дар блокнотам мисолҳое ёддошт кардаам, ки ошкор карданашонро раво намедонам, ба ҳар ҳол, айб аст, изои муъмин ҳаром... Мисле ки порсол як омӯзгори солманди ҷуғрофиё милро аз километр фарқ намекард... Мисле ки имсол писараке Аврупоро кишваре дар дохили Амрико медонист... Мисле ки...

Акнун чӣ бояд кард, ки вазъ ислоҳ шавад ва муносибат ҷиддитар?

Банда аз чанд суҳбати сарироҳие, ки бо вазири маориф ва илми Тоҷикистон Саидзода Раҳим Ҳамро доштам, он касро як шахсияти ба ин соҳа масъул ва то ҷойе рамузфаҳм низ дарёфтам. Фаразан, дар рӯзи озмуни “Шоҳҷоиза” аз вазъи дониши як духтаре пурсид, ки посухҳояш ба ӯ писанд омадааст... Аз телевизион тамошо карда, бардошти хубе ҳосил кардааст... Ному фомилашро дар ёд надошт, аммо банда зуд дарёфтам, ки ӯ киро дар назар дорад: ҳамон духтаре, ки либоси сиёҳ ба бар дошт, корманди Академияи идораи давлат Шоҳина Сафарова буд, ки порсол ҳам иштирок дошт. Аммо муваффақ нашуда буд. Офаринаш, ки мисли бисёриҳо руҳафтода нашуда, боз омадааст. Дар озмуни шаҳрӣ ҳам дониши хуб ба намоиш гузошт, дар ҷумҳур ҳам соҳиби ҷойи савум шуд.

Ин навъ довталабонро соҳибирода мегӯянд, ки ҳамеша барои рушд кардан талош мекунанд, на парвои гапу калочаи озмун доранд, на овозаву дарвозаҳо... Ин гуна довталабони фаъолро ҳам дар блокнотам сабт кардаам, ки се солу чор сол пайиҳам омада, оқибат шаҳди пирӯзӣ чашиданд...

Ҳамин тавр, аз пурсуҷӯйи вазир дарк кардам, ки ба ҳама ҷузъиёти ин озмун таваҷҷуҳ мекардаанд. Хоксор ҳам будаанд. Ба масъулини озмуни “вазиру кабиру раису ва ғайраи сол...” гуфтаанд, ки номи ӯро аз ин рӯйхат бароранд. Ин суханашро худам шунидам: ҳоло муҳлате нагузашта, ки мо кори дурусте карда бошем ва моро ҳамчун вазири сол ба овоздиҳӣ гузоранд...

Акс аз safo-khatlon.tj

Бисёр мехоҳам, ки дар ин вазорат ба пешниҳодоти банда таваҷҷуҳ кунанд, чун таҷрибаи чаҳорсолаи озмунӣ дорам:

АВВАЛАН, хуб мешуд, ки дар ҳар шуъбаи маориф як корманде ба кор гиранд, ки махсус ба кори озмун ва аз ҳар ҷиҳат омода кардани довталабон масъул бошад. Ба чунин мутахассис маош бидиҳанд, яъне корманди штатӣ (дигар муродифашро наёфтам) бошад. Аз оғози озмун то анҷоми он бо довталабон дар пурсишу посух бошад, рӯйхатҳояшонро аз назар гузаронад, маслиҳату машварат диҳад, ихтиёрдори рӯзҳои вохӯрӣ ва дарсҳои махсус бошад... Агар дар ҳар ноҳия чунин масъул бошад, итминон дорам, ки мушкили зиёде аз байн хоҳанд рафт...

ДИГАР ин ки фанни таълимии “Адабиёти ҷаҳон”-ро ҷорӣ кардан бузургтарин иқдоми адабдӯстона хоҳад буд. Китоби пурмуҳтавои ин фан лозим аст, ки дар сурати мувофиқа шудан (ҳаққи қалам ва маош, ки барои банда хеле муҳим аст) банда омода ҳастам, ки дар кӯтоҳтарин муҳлат онро бинависам ва ба вазорати маориф пешниҳод кунам. Бо ҳамин ном китобе ҳаст, ки он ба тақозои имрӯз посухгӯ нест ва агар фаразан, ман ҳам нанависам, каси дигаре бояд аз нав ва тибқи талаботи ҷаҳони кунунӣ ва афкори адабии замони нав онро таълиф кунад.

Хулоса, китоби нав лозим, ҳамроҳ бо дастуре, ки чӣ гуна муаллим онро таълим диҳад...

САВУМ: ба хотири рушди ин озмун ва афзун шудани мақому манзалати он зарур аст, ки моҳе як бор дар ноҳияҳо, агар чунин имкон набошад, дар маркази вилоятҳо тамоми довталабон ҳамроҳ бо муаллимони раҳнамояшон ҷамъ шуда, бо доварони масъули озмуни ҷумҳурӣ суҳбат бикунанд. Суҳбат аз чӣ гуна интихоб кардани асарҳо барои озмун (мувофиқ ба синну соли довталабон), чӣ гуна мутолиа кардани онҳо, чӣ гуна ёддошт кардани осори хондашуда ва даҳҳо масъалаҳое хоҳад рафт, ки фаҳмониданашон муҳим аст.

Банда омода ҳастам, ки дар чунин мулоқоту вохӯриҳо ширкат кунам ва ҳар чизе, ки дар мавриди номинаи “Адабиёти ҷаҳон” гуфтанашон лозим аст, гуфта бошам... Албатта, ин кори муҳимро танҳо бо як эҳсоси ватандӯстӣ ё муҳаббат ба китоб иҷро кардан мушкил аст, аз ин рӯ, вазорат бояд масъалаи роҳкирову ғизои шахсони масъул ва ҳаққи гуфторашонро, ки ба маҳалҳо сафар хоҳанд кард, ҳал кунад.

Сухан дар мавриди боло бурдани ҷойгоҳ ва қадру қимати озмуни “Фурӯғ” хеле зиёд аст ва дар матолиби оянда аз онҳо хоҳем навишт. Зеро, ончунон ки дар як мақолаи пешина гуфта будам, “Фурӯғ” аз нигоҳи ҳадаф ва моҳият БУЗУРГТАРИН ДАСТОВАРДИ ИСТИҚЛОЛ ВА МАЪРУФТАРИН ОЗМУНИ МИЛЛИСТ. Ягон озмуни дигар, на ҳунари иншои шеър, на овозхониву рақсу суруду оҳанг, на дигар сабқату тадобири фарҳангӣ ба пояи ин озмун намерасад, чун китоб муъҷиза аст.

Ин ҷумларо менависаму Алекс таконам медиҳад: ин ҷумлаи ахират умумист. Хубтар навис...

- Чӣ нависам?

- Навис, ки ҳар кас, ки одам шуд, аз хондани китоб шуд, ноодамон ҳамонҳое ҳастанд, ки китоб намехонанд... Ягона меъёре, ки одамро аз ноодам ҷудо мекунад, ҳамин китоб аст...

- Ана ин гапат дуруст...

- Исто, ки ҳамин матлабатро масъулини вазорат ё озмун мехонда бошанд?

- Мехонанд, ман ба ин бовар дорам, шояд дастгирӣ ҳам кунанд...

- Ин хел бошад, ғизои маро ба табақча пур кун, сеюним соат ман интизор, ки кай ҳамин навис-нависатро тамом мекунӣ...

Як халтача “феликс”-ро ба табақаш мерезам. Чун ҳамеша ӯ ба хӯрдан шуруъ мекунаду ман банд мешавам лаҳзае ба тамошояш...

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.