Азиза Ҳайдарова, котибаи Рустам Саидаҳмадзода, додраси Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро, ки бо “ҳукмҳои сафед”-аш маъруф буда, ҳоло дар боздошт қарор дорад, ба даҳ сол зиндон маҳкум карданд. Дар ин бора Радиои Озодӣ хабар медиҳад.
Азиза Ҳайдароваи 23-сола ба “қаллобӣ”, “исрофкорӣ” ва “сохтакории далелҳо” гунаҳкор шудааст, аммо худаш ҳукмро ноодилона хондааст.
Муҳокимаи Азиза Ҳайдарова дар бинои Додгоҳи шаҳри Хуҷанд, аммо зери раёсати додраси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ гузашт, менависад ин расона.
Ҳукми Азиза Ҳайдарова 26-уми декабри соли 2022 эълон шуда, ба қавли пайвандонаш, худи ӯ хулосаи додрасро напазируфтааст ва бозбинии ҳукмашро талаб кардааст.
“Додрас баъзе аз ҷанбаҳоро ба инобат гирифт ва чунин ҳукм содир кард. Пештар додситон барояш 14 сол зиндон хоста буд”, - менависад Радиои Озодӣ бо такя ба манобеи худ.
Ёдовар мешавем, ки Азиза Ҳайдарова, котибаи Рустам Саидаҳмадзода, додраси Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, рӯзи 10-уми июни соли гузашта ба гумони қаллобӣ дастгир шуд ва бо гузашти чанде ба “исрофкорӣ” ва “сохтакории далелҳо” низ муттаҳам гардид.
Барно Ҳайдарова, модари Азиза Ҳайдарова, ба Радиои Озодӣ қаблан гуфта буд, сухан дар бораи хонае дар шаҳри Хуҷанд меравад, ки се сол пеш бо пули дар Русия ба даст овардааш харид, аммо мақомот онро ҳосили қаллобии Азиза Ҳайдарова медонанд.
Ӯ гуфта буд, ки муфаттишон духтарашро ба зидди Рустам Саидаҳмадзода, додраси пешини Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров истифода карданӣ ҳастанд ва баҳси хона як баҳона аст.
Рустам Саидаҳмадзода рӯзи 29-уми июни соли гузашта дастгир шуда, ба “додани хабари дурӯғ” ва “баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ” гумонбар аст. Номи ӯ ду сол пеш ва пас аз он ки як сокини вилояти Суғдро дар муҳокима бегуноҳ эълон кард, дар сархати расонаҳо қарор гирифт.
Гуфтан ба маврид аст, ки эълони бегуноҳии гумонбар дар мурофиаи судӣ аз ҷониби додрасҳо дар Тоҷикистон як ҳодисаи нодир дониста мешавад ва дар аксар ҳолат, додрасҳо талаби додситонро бо андак сабукӣ қонеъ мегардонанд.
Ҳоло дар Тоҷикистон беш аз чаҳорсад додрас фаъоланд. Дар бештар аз даҳ соли охир зиёда аз сӣ нафар ба иттиҳоми “кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад”, аз мансаб рондаву дастгир ва ба зиндон маҳкум шудаанд.




ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста