Владимир Гудков, директори мактаби русии Душанбе ба номи Ю.А.Гагарин бо нашри наворе аз сокинон хост, “ба ҳар гуна ваъдаҳои хайрхоҳон” бовар накунанд ва барои дохил шудани фарзандашон ба ин мактаб, ба касе пул надиҳанд.
Дар наворе, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуд, директори мактаб таъкид мекунад, ки тамоми кушишҳои бо роҳҳои дигар ҳал кардани масъалаи дохил шудан ба мактаби мо на танҳо ноком хоҳад шуд, ҳамчунин, пайомади ҳуқуқӣ низ дорад.
“Мушоҳида мегардад, ки бархе волидон маъмурияти мактабро гунаҳгор дониста, норозигӣ баён мекунанд. Гӯё барои қабули фарзандон шахсони номаълум пул гирифта будаанд, ки ин далел тасдиқи худро наёфт”, - зикр мекунад директори мактаб.
Бояд гуфт, ки ҳоло дар ин мактаби русӣ маъракаи қабули кӯдакон ба синфи 1 идома дорад. Соли гузашта даҳҳо нафар сокинони пойтахт аз шеваи қабули ин мактаб шикоят карда, назди мақомоти маорифи кишвар ва Сафорати Русия дар Душанбе адолатхоҳӣ карда буданд.
Навори мазкур зоҳиран бо назардошти мушкили соли гузашта пешомада таҳия ва паҳн гардидааст.
Директори мактаб ҳамчунин таъкид мекунад, ки дархостҳо ҷиҳати супоридани имтиҳони равоншиносӣ - педагогӣ, яъне қабули кӯдакон ба синфи 1, аз ҳазор гузаштааст. Дар ҳоле, ки роҳбарияти мактаб ният дорад имсол танҳо 120 нафарро ба синфи 1 қабул кунанд.
Владимир Гудков ба волидайн муроҷиат кардааст, ки ягона роҳи қабули фарзандашон ба мактаби русӣ гузаштан аз санҷиши равоншиносӣ - педагогӣ мебошад. Ба ин тариқ, сатҳи омодагии кӯдак ба барномаи таълимии мактаби русӣ муайян карда мешавад.
“Ҳар нафар метавонад ин санҷишро гузарад. Онҳое, ки холи баландтар мегиранд, ба мактаб қабул мешаванд ва ин ягона роҳи дохилшавӣ ба мактаб аст. Ба ваъдаи ҳар кас бовар накунед ва пул надиҳед”, - гуфтааст директори мактаби русӣ.
Ёдовар мешавем, мактаби русии Душанбе ба номи Ю.А.Гагарин яке аз панҷ мактаби навбунёд аст, ки аз ҷониби Русия дар Тоҷикистон сохта шуда, соли гузашта дари худро барои таҳсил боз кард.



ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста