Дар баъзе манотиқи Тоҷикистон ин ҳафта то 41 дараҷа гармӣ пешгӯӣ мешавад. Эҳтимол аст дар вилояти Хатлон чангу ғубор ва дар баландкӯҳҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) борону барф борад. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносӣ ба “Азия-Плюс” иттилоъ доданд.
Ба гуфтаи манбаъ, аз 6 то 10-уми июн тақрибан дар саросари ҷумҳурӣ гармои шадид дар назар аст.
Ҳавошиносон ҳушдор медиҳанд, ки ҳарорати ҳаво дар Душанбе то охири ҳафта бебориш, вале нимаабрӣ хоҳад буд. Ҳарорат шабона 21-23 ва рӯзона 36-38 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон рӯзҳои 6 ва 7-уми июн ҳарорати ҳаво рӯзона 35-40 ва аз 8 то 10-уми июн 36-41 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд давоми ҳафта ҳаво нимаабрӣ ва то 9 июн бебориш пешбинӣ мешавад ва танҳо 10-уми июн дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ эҳтимоли боридани борони кӯтоҳмуддат аст.
Ҳарорат дар водиҳо шабона 18-23 дараҷа ва рӯзона 34-39 дараҷа ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 6-11 ва рӯзона 21-26 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар шаҳри Хуҷанд ин рӯзҳо ҳаво шабона 21-23 ва рӯзона 37-39 дараҷа гарм мешавад.
Дар ВМКБ пагоҳ, 7-уми июн, дар баъзе ҷойҳо борони сабук (дар баландии бештар аз 3000 метр борону барф) меборад.
Ҳарорат дар ВМКБ шабона 8-13 ва рӯзона 17-19 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Хоруғ давоми ҳафта ҳаво нимаабрӣ ва бебориш буда, шабона 11-13 ва рӯзона 25-28 дараҷа гарм мешавад.
Дар навоҳии тобеи ҷумҳурӣ ҳаво бебориш шуда, танҳо 10-уми июн дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад ва эҳтимоли ба вуҷуд омадани раъду барқ ҳаст. Ҳарорат дар водиҳо шабона 18-23 ва рӯзона 34-39 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 12-17 ва рӯзона 27-32 дараҷа гарм мешавад.
Мутахассисони Агентии обуҳавошиносии кишвар ба сокинон тавсия медиҳанд, ки дар ин рӯзҳо либоси сабуки пахтагин, айнаки офтобӣ ва кулоҳ пӯшида, бештар об нӯшанд.





ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста