Имрӯз, 14-уми июн, дар шаҳри Гулистон мулоқоти навбатии гуруҳи кории Тоҷикистону Қирғизистон баргузор гардида, ду ҷониб аз истифодаи накардани ҳамагуна яроқ ва истифодаи якҷоя аз оби полезиву нӯшокӣ сӯҳбат кардаанд. Дар ин бора Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.
Ба гуфтаи манбаъ, ҳайати вилояти Тоҷикистонро раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Қирғизистонро намояндаи ваколатдори Президенти Қирғизистон дар Боткенд Абдукарим Алимбаев роҳбарӣ карданд.
Дар мулоқот, фармондеҳони қӯшунҳои сарҳадии ду кишвар генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ва генерал-майор Уларбек Шаршиев, роҳбаронии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти амнияти ду вилоят, раисони шаҳру навоҳии наздисарҳадӣ иштирок доштаанд.

Ҷонибҳо таъкид кардаанд, ки мушкилоти мавҷударо бо роҳҳои дипломатӣ ҳал намуда, барои таъмини амнияти сокинони минтақаҳои наздисарҳадӣ ва таҳкими муносибатҳои ҳамсоядорӣ тадбирҳои заруриро амалӣ намуда истодаанд
“Масъалаи пурзӯр намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ байни аҳолии наздисарҳадӣ ва пешгирӣ аз истифодаи ҳамагуна яроқ дар суҳбати генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ва генерал-майор Уларбек Шаршиев баррасӣ шуда, тарафҳо барои идомаи музокирот ва бо роҳи гуфтушунид ҳал намудани масъалаҳои пешоянда мубодилаи афкор намуданд”, - менависад манбаъ.
Инчунин, афзуда мешавад, ки “дар мулоқоти васеи ҷонибҳо вобаста ба тақвиятбахшии корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ, истифодаи якҷоя аз оби полезиву нӯшокӣ, риояи талаботи протоколҳои қаблан имзошуда мавриди таҳлил қарор дода шуд”.

Мулоқоти навбатии ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар ҳолест, ки мақомоти ду кишвар барои ҳалли “масъалаи об” дар гузашта ҳам мулоқотҳо доштанд ва ҳоло низ вохӯриҳо мегузаронанд, аммо самараи ин дидорҳо ба ҷуз “дар истифодаи якҷои об ба мувофиқа расидем” беш нест.
Ин аст, ки мушкилоти сокинони наздимарзии Тоҷикистон, махсусан масъалаи дастрасӣ ба об бо оғози мавсими кишт, ки даҳсолаҳо давом дошта, боиси муноқишаҳои хунин низ гаштааст, доғ аст.
Имсол низ сокинони маҳалҳои наздимарзии Тоҷикистон шикоят мекунанд, ки мушкил ҳалли худро наёфтааст.
Как понять, что вы выгораете на работе? (ТЕСТ)
Почему IT-специалисты из Таджикистана переезжают в Узбекистан?
Как экономить электроэнергию в быту?
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 13 апреля 2025 года
Глава Азиатской конфедерации велоспорта: «Душанбе – идеальная арена для такого престижного события, как MTB Eliminator»
Покорители Вселенной в Душанбе. Кто из космонавтов бывал в таджикской столице?
Радио «Озоди»: Военная прокуратура Таджикистана начала расследование гибели солдата-срочника в Рушане
Молодые представители Таджикистана получили навыки миротворчества и противодействия экстремизму
Как вернуть деньги, если по ошибке перевел их на чужой кошелек или карту?
Школьное образование в Китае: какое оно на самом деле?
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста