Дастаи мунтахаби ҷудои Тоҷикистон дар мусобиқоти навбатии “Gran Slam” дар Уланбатори Муғулистон ва “Russian judo tоur” дар Русия ширкат мекунад. Дар ин бора Федератсияи ҷудои Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Ба гуфтаи манбаъ, “Gran Slam” дар Уланбатор рӯзҳои 23-25-уми ​​июн бо ширкати қариб 400 варзишгар аз беш аз 45 кишвари ҷаҳон баргузор мешавад. Тоҷикистонро дар ин мусобиқаҳо 7 варзишгар намояндагӣ мекунанд:

-60 кг - Мухаммадсолеҳ Қувватов

-60 кг - Меҳрзод Сӯфиев

-66 кг - Обид Ҷебов

-73 кг - Беҳрӯз Хоҷазода

-81 кг - Сомон Маҳмадбеков

-90 кг - Комроншоҳи Устопириён

+100 кг - Мансур Раҳмон

Маблағи умумии ҷоиза 154 ҳазор евроро ташкил медиҳад. Ғолибони ҳамаи 14 вазн 5000 евро, барандагони медалҳои нуқра 3000 евро ва барандагони медалҳои биринҷӣ 1500 евро мегиранд.

Ҳамчунин, аз “Gran Slam” дар Уланбатор сар карда, дар радабандии олимпӣ холшумории садфоиза шурӯъ мешавад. То ин вақт 50 фоизи холҳои варзишгарон ҳисоб карда мешуд.

Ҳамин тариқ, варзишгарон як соли дигар - то 25 июни соли 2024 имкон доранд барои ба даст овардани роҳхати олимпӣ талош кунанд.

Дар асоси радабандии олимпӣ аз 25 июни соли 2024 дар ҳар вазн 18 нафар, бо дарназардошти як варзишгар аз як давлат, соҳиби роҳхати олимпӣ мешаванд.

Дар ҳамин ҳол, 24-25 июн дар шаҳри Челябински Русия мусобиқаи навбатӣ оид ба ҷудо дар доираи “Russian judo tоur” баргузор мешавад, ки дар он ҳам варзишгарони тоҷик ширкат мекунанд.

Федератсияи ҷудои Тоҷикистон 6 варзишгарро ба Челябинск сафарбар менамояд:

-60кг - Ҳакдод Гулов

-66кг - Суҳроб Боқиев

-73кг - Абубакр Шеров

-81кг - Сайфиддин Сайфиддинзода

-100кг - Улуғбек Раҳимов

+100кг - Иброҳимҷон Элмуродов

Дар ин мусобиқа иштироки ҳудуди 400 варзишгар аз кишвари мизбон, инчунин Беларус, Арманистон, Тоҷикистон, Ҳиндустон, Муғулистон ва ғайра дар назар аст. Ғолибону ҷоизадорон дар баробари медал бо ҷоизапулӣ қадрдонӣ мешаванд. Фонди умумии ҷоизаҳо 7,3 миллион рубли русиро ташкил медиҳад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.