Соли 2022 барои худсарона иҳотагирӣ ва боздошт намудани шаҳрванд, ки миёни мардум бештар чун “облава” машҳур аст, нисбати дастикам 9 корманди Комиссариати ҳарбии шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ ва Комиссариати ҳарбии вилояти Хатлон парвандаҳои ҷиноятӣ боз шудааст. Дар ин бора Омбудсмен ё Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон зимни гузориши солонаи худ хабар медиҳад.
Ин ниҳод бо такя ба Сарпрокуратураи ҳарбӣ иттилоъ медиҳад, ки соли 2022 ба мақомоти прокуратура 984 муроҷиат оид ба вайрон кардани ҳуқуқи 87 ҷавон дар рафти маъракаи даъват ба хидмати ҳарбӣ ворид шудааст.
Дар пайи он, соли 2022 нисбати кормандони Комиссариати ҳарбии шаҳру ноҳияҳои Шаҳристон, Ҳисор, Кӯшониён, Рашт, Шоҳмансур, Ишкошим, Кӯлоб, Васеъ ва Комиссариати ҳарбии вилояти Хатлон парвандаҳои ҷиноятӣ боз карда шудааст.
“Соли 2022 нисбати корманди Комиссариати ҳарбии ноҳияи Восеъ Р.Х., корманди милитсия Ф.Р. ва муовини раиси Ҷамоати деҳоти Х.Раҷабов Қ.С. барои худсарона иҳотагирӣ ва боздошт намудани шаҳрванд Я.Ҷ. ва расонидани зарари ҷисмонӣ, барои баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, парванда баъди ба итмом расидани тафтиши пешакӣ ба суд фиристода шудааст”, - менависад ин ниҳод.
Аммо дар бораи анҷоми парванда ва ҳукми суд иттилоъ дода намешавад.
Ҷазои 120 хидматчии ҳарбӣ ва фавти 22 нафар
Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар гузориши солонаи худ меафзояд, ки соли 2022-юм 71 адад ҷинояти вайрон кардани қоидаҳои оинномавии муносибатҳои байниҳамдигарии хидматчиёни ҳарбӣ дар ҳолати набудани тобеияти хидматӣ ба қайд гирифта шудааст.
“Дар соли гузашта нисбати 120 нафар сарбозон ва курсантҳо барои содир намудани ҷиноятҳои фирор ва худсарона тарк намудани маҳалли хидмат парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шудааст”, - таъкид мекунад Омбудсмен.
Инчунин, ин манбаъ бо такя ба маълумоти Вазорати мудофиаи Тоҷикистон хабар медиҳад, ки “соли 2022-юм 22 ҳодисаи фавти хидматчиёни ҳарбӣ ба қайд гирифта шудааст ва аз онҳо 4 ҳолат аз беморӣ, 2 ҳолат аз садамаи нақлиёт, 3 ҳолат аз худкушӣ, 2 ҳолат аз худкушие, ки ба хидмати ҳарбӣ алоқамандӣ надорад, 3 ҳолат аз ҳодисаи нохуш, 1 ҳолат аз натиҷаи ба қатл расонидани хидматчии ҳарбӣ аз ҷониби шахси дигар ва 12 ҳолат дар вақти иҷрои вазифаҳои хидматӣ мебошанд”.
Дар гузориш, тафсилоти ҳодисаи фавти сарбозон низ дастрас нест.
Сабаби аслии саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ чист?
Дар ин баробар, Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар гузориши солонаи худ бо такя ба маълумоти Суди Олии Тоҷикистон меафзояд, ки “соли 2022 нисбати 482 нафар хидматчиёни ҳарбӣ ҳукмҳои айбдоркунанда бароварда шудааст. Маводҳое, ки дар васоити ахбори омма ба нашр мерасанд, нишон медиҳанд, ки бадрафторӣ бо сарбозон ва марги ҷавонон дар қисмҳои ҳарбӣ аз сабабҳои аслии саркашии ҷавонон аз хидмат мебошанд”.
Ин ниҳод таъкид кардааст, ки ҷиҳати фароҳам овардани шароит ҳангоми хидмати ҳарбӣ пайваста чораҳои дахлдор андешида мешаванд.
“Дар хобгоҳҳои сарбозон, майдончаҳои сафороӣ ва варзишӣ, 88 ошхонаҳо, хонаҳои фароғатӣ-маишӣ, қаровулӣ, ҷойҳои истироҳатӣ, роҳравҳо, биноҳои таълимӣ, анборҳо, дар маҷмӯъ ҷойҳои буду боши ҳайати шахсӣ камераҳои мушоҳидавӣ насб гардонида шуда, нуқтаҳои гуфтугӯи телефонӣ таъмин карда шудааст”, - омадааст дар гузориши Омбудсмен.
Бояд гуфт, ки солҳои охир ҳодисаҳои латукӯб, бадрафторӣ ва меҳтарсолорӣ дар ҷараёни хидмати ҳарбӣ миёни ҷомеа ба “масъалаи доғ” табдил ёфтааст. Тайи ду моҳи охир навори латукӯби сарбозон дар қисми ҳарбии Ворух ва “сартарошӣ”-и наваскарон дар қисми низомии Исфара, ки ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт, боиси эътирози сокинон ва талаби ҷазо додани гунаҳкорон гардид.
Дар пайи он, Додситонии кулли Тоҷикистон аз боздошт ва зиндонӣ шудани гунаҳкорон иттилоъ дод.
Бояд гуфт, ки бадрафторӣ ё меҳтарсолорӣ дар артиши Тоҷикистон чандин сол аст, ки мавриди баҳс аст. Ҷомеа аз шароити номувофиқ мегӯяд, мақомот аз муҳайё будан он.
Ҳар чанд вақт хабарҳо дар бораи захмӣ шудан ё фавти сарбозон дар натиҷаи меҳтарсолорӣ ба расонаҳо роҳ меёбад. Ҳукумати Тоҷикистон моҳи октябри имсол ба Созмони Милалли Муттаҳид (СММ) гуфтааст, аз соли 2019 то 2021 ва сабаби “риоят нашудани оинномаи низомӣ” бештар аз 100 сарбоз ба ҳалокат расидаанд.
Гуфтан ба маврид аст, ки ҳамасола бо шурӯи даъвати ҳарбӣ навори боздошт ва иҷборан ба артиш бурдани ҷавонон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳо нашр мешавад, ки корбарон онро сарбозшикор ё “облава” меноманд. Мақомот даъво доранд, ки дар ҳолати саркаши аз хидмати ҳарбӣ, мақомот ҳақ доранд ҷавонро маҷбурӣ ба хидмат фиристанд.
Дар Тоҷикистон дар ду навбат, баҳор ва тирамоҳ ҷавонони аз 18 то 27-соларо барои хидмат дар артиш ҷалб мекунанд. Даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ аз якуми апрел оғоз ёфта, он то охири моҳи май идома меёбад ва даъвати тирамоҳӣ бошад, аз аввали моҳи октябр шурӯъ гардида, дар охири моҳи ноябр ба анҷом мерасад.
Дар бораи шеваҳои даъвати ғайриқонунӣ ба артиш дар ин ҷо хонед.
Неделя математики, физики и компьютерных наук: в Таджикистане завершился образовательный проект СКФУ
Военная прокуратура Куляба расследует причины гибели служившего в погранвойсках срочника
Талибы усилили контроль за запретом на показ людей в СМИ
Женщинам с инвалидностью в Таджикистане практически недоступны медицинские услуги. Как можно изменить ситуацию?
Из Узбекистана будут депортировать иностранцев за оскорбления страны
"Озоди": Чоршанбе Чоршанбиев стал фигурантом еще одного дела и получил новый срок
«Если только все не останется на бумаге...». Решит ли Программа развития таджикского театра его проблемы?
Президент открыл нейрокардио-эндохирургический центр в Худжанде
Собака загрызла таджикистанку, работавшую домработницей в Мытищах
МВД России и Таджикистана обсудили совместные меры борьбы с международным наркобизнесом
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста