Милитсияи пойтахт ба навори дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашршуда, ки гуфта мешуд сарбозшикор ё “облава”-и хатмкунандагони Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон аст, вокуниш карда, гуфтааст, дар асл бо донишҷӯён оид ба ихтиёрӣ рафтан ба хидмати ҳарбӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шудааст, вале донишҷӯён аз нофаҳмӣ “бетартибӣ намудаанд”.
Дирӯз, 29-уми май, Радиои Озодӣ бо нашри чанд аксу навор навишт, ки “гуруҳе аз донишҷӯёни соли охири Донишгоҳи тиббии Тоҷикистонро ҳангоми супоридани имтиҳон аз дохили муассиса ва маҷбурӣ ба хидмати ҳарбӣ бурдаанд”.
Намояндагони Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ҷалби иҷбории хатмкунандаҳоро ба хидмат рад карда, гуфтанд, “21 хатмкунанда бо хоҳиши худ ба артиш рафтанд”.
Дар иттилоияи Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, ки шоми дирӯз, 29-уми май, нашр шуд, омадааст, ки воқеан, рӯзи 29-уми майи соли ҷорӣ, кормандони Комиссариати ҳарбии ноҳияи Варзоб бо мақсади ҷалби хоҳишмандон ба хизмати ҳарбӣ бо хатмкунандагони ДДТТ ба номи Абӯалӣ Ибни Сино мулоқот доир намудаанд.
“Дар натиҷаи нодуруст ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ баъзе аз донишҷӯён мулоқотро тариқи маҷбурӣ ба хизмати ҳарбӣ сафарбар намудан гумон карда, бетартибӣ намудаанд”, - омадааст дар иттилоияи ин ниҳод.
Манбаъ гуфтааст, ки ба амалкарди масъулони Комиссариати ҳарбии ноҳияи Варзоб эроди ҷиддӣ гирифта шуд.
Хабарҳо дар робита ба ҷалби иҷбории донишҷӯён ба артиш зиёд садо медиҳад, вале мақомот пайваста бо нашри аксу наворҳои видеоӣ аз ихтиёрӣ ба хидмати ҳарбӣ рафтани донишҷӯён ситоиш мекунанд.
Қаблан, мақомот иттилоъ дода буданд, ки давоми 40 рӯзи маъракаи даъват ба артиш дар Тоҷикистон нақшаи ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ 76 дарсад иҷро шудааст. Он замон гуфта мешуд, ки шаҳри Душанбе ва ВМКБ нақшаи даъватро пурра иҷро кардаанд.
Шикоят аз ҷалби иҷбории донишҷӯён ба артиш дар ҳолест, ки то анҷоми маъракаи давъати ҳарбии баҳорӣ дар Тоҷикистон ду рӯзи дигар боқӣ мондааст.
Кушишҳои мо барои дарёфти иттилоъ дар бораи иҷрои нақшаи даъват ба ҳолати имрӯза бенатиҷа анҷом ёфт.
Маврид ба зикр аст, ки масъалаи ҷалби шаҳрвандони синни даъват ба хидмати ҳарбӣ ва саркашии ҷавонон аз он чанд сол аст боиси баҳсҳои доғ дар ҷомеа мегардад.
Дар аксар ҳолат ҷавонон шароити номуносиб, бадрафторӣ бо сарбозон, меҳтарсолорӣ (дедовшина) ва ҳодисаҳои марги аскаронро аз омилҳои аслии саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ мегӯянд.
Воқеан, дар чанд солаи ахир шеваи ғайриқонунии ҷалби ҷавонон ба артиш, ба мисли “гаравгонгирии волидайн”-у “шикор дар фурудгоҳ” расонаӣ мешаванд. Ахиран, навори латукӯби наваскарон аз ҷониби ҳамхидматони худ, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба таври васеъ паҳн шуд, боиси такроран оғоз шудани баҳсҳо гардид.
Мақомоти масъули кишвар на ҳамеша ҳодисаҳои зикргардидаро шарҳ медиҳанд ва пайваста ба набудани “облава” таъкид мекунанд. Масъулин мегӯянд, ҷавонон баъди гирифтани даъватнома агар ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир нашаванд, мақомоти милитсия ҳақ дорад, онҳоро зӯран ҳозир кунад.
Маврид ба зикр аст, ки мақомот барои ҷалби бештари ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ имтиёзҳои гуногун, ба мисли ҷудо кардани қитъаҳои замин, додани шаҳодатномаи ронандагӣ, дар маҳалли зисти худ хидмат кардани онҳое, ки оиладоранд, ваъдаи таъмини оилаи онҳо дар давоми хидмат, пардохти маблағи шартномаи донишгоҳ ва ғайраро низ пешниҳод менамоянд. Вале маълум мешавад, ки ин имтиёзҳо вазъро тағйир намедиҳанд.
Кто сказал, что у бизнеса не женское лицо? Истории таджикистанок, которые открыли и успешно развивают свое дело
«Возмездие неотвратимо». Путин утвердил ядерную доктрину России
Делегация Таджикистана отправилась укреплять связи с Малайзией и странами АСЕАН
Где сходить по нужде? Составили карту общественных туалетов Душанбе
Неделя математики, физики и компьютерных наук: в Таджикистане завершился образовательный проект СКФУ
Военная прокуратура Куляба расследует причины гибели служившего в погранвойсках срочника
Талибы усилили контроль за запретом на показ людей в СМИ
Женщинам с инвалидностью в Таджикистане практически недоступны медицинские услуги. Как можно изменить ситуацию?
Из Узбекистана будут депортировать иностранцев за оскорбления страны
"Озоди": Чоршанбе Чоршанбиев стал фигурантом еще одного дела и получил новый срок
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста