Иттиҳоди Аврупо дар доираи лоиҳаи “Таҳсилот ва тайёрии техникӣ/касбӣ ва Барномаи дастгирии буҷети соҳаи шуғл” ба Тоҷикистон 30 миллион евро ҷудо мекунад. Дар ин бора Вазорати молияи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, дирӯз, 11-уми июл, маросими баимзорасонии созишномаи молиявӣ байни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо баргузор шудааст.
Созишномаи мазкурро Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон ва Раймундас Кароблис, роҳбари Намояндагӣ, сафири Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон ба имзо расонидаанд.
“Ҳадафи асосии Барнома амалӣ намудани ислоҳот дар низоми идоракунии молияи давлатӣ, таъмини шаффофияти буҷетӣ ва буҷетикунонии барномавӣ, дастгирии низоми таҳсилоти техникӣ/касбӣ, бозори меҳнат, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷиратро дар бар мегирад”, - омадааст дар хабар.
Гуфта мешавад, маблағе, ки тибқи ин созишнома пешниҳод мегардад 30 миллион евроро ташкил мекунад.
Зикр кардан ба маврид аст, ки Иттиҳодияи Аврупо яке аз созмонҳои кӯмакрасони Тоҷикистон ба ҳисоб меравад ва дар бахшҳои гуногуни иқтисодиву иҷтимоӣ ҳамкорӣ мекунад. Аз ҷумла, ин созмон ҷандин лоиҳаро барои рушди фарогири деҳоту бахши кишварзӣ амалӣ намудааст.




ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста