Имрӯз, 18-уми июл, раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар Нишасти сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва кишварҳои арабии Халиҷ ба шаҳри Ҷиддаи Подшоҳии Арабистони Саудӣ сафар кард. Дар ин бора Хадамоти матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Ба гуфтаи манбаъ, дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Эмомалӣ Раҳмонро раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон, сарвазири Тоҷикистон, муовини якуми роҳбари Дастгоҳи иҷроия ва дигар шахсони расмӣ гусел намудаанд.
“Дар ин сафар Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчиёни президенти Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва оид ба масъалаҳои иқтисодӣ, вазири молия, раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд”, - менависад хадамоти матбуот.
Қаблан Абдуфаттоҳ Шарифзода, сухангӯи раисиҷумҳури Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” гуфта буд, ки ин сафар ду рӯз идома мекунад.
“Ҷаноби олӣ рӯзи 19-уми июл дар Саммити нахустини Сарони давлатҳои узви Шӯрои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ ва Осиёи Марказӣ ширкат мекунанд ва ҳамон рӯз ба Тоҷикистон бармегарданд”, - афзуда буд сухангӯи раисиҷумҳури Тоҷикистон.
Абдуфаттоҳ Шарифзода дигар ҷузъиёти ин сафарро ироа накарда ва ба мо нагуфт, ки раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар пайи ин сафар ҳаҷҷи умра мекунад ва ё на.
Дар ҳамин ҳол, Радиои Озодӣ бо такя ба манобеаш аз ҳукумати Тоҷикистон хабар медиҳад, ки “Эмомалӣ Раҳмон ва ҳайати ҳукумат ба шаҳри Макка ҳам сафар карда, маносики ҳаҷҷи умраро адо мекунанд”.
Бояд гуфт, Эмомалӣ Раҳмон то имрӯз 4 маротиба маносики ҳаҷҷи умраро адо карда, ду маротиба дохили хонаи Каъба ҳам даромадааст.
Ёдовар мешавем, тавре хадамоти матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон менависад, ки Эмомалӣ Раҳмон бори аввал соли 1997 ба Арабистони Саудӣ маносики ҳаҷҷи умраро адо кардааст. Баъдан дар солҳои 2001, 2005 ва 2016 ба ҳаҷҷи умра рафтааст.
Сколько таджикских дзюдоистов поедут на Олимпиаду-2024 в Париже?
Почему в детском атласе не указан Таджикистан?
Amnesty International: в 2023 году во всем мире привели в исполнение 1153 смертных приговора
В Душанбе движение на улице Шамси закроют на три месяца
Генштаб Ирана исключил версию о падении вертолета Раиси из-за взрыва
За первый квартал 2024 года из России выслали около 22 тысяч иностранцев
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 30 мая 2024 года
Рассеянный склероз. Как узнать, что он у вас есть и можно ли его лечить на начальных стадиях
Компания Samsung Electronics рассказала об опасностях приобретения подделок
В России объявили о повышении налогов — и для людей, и для бизнеса
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста