“Мехоҳам худро озоду баробарҳуқуқ бо дигарон ҳис кунам. Мехоҳам дар давлате зиндагӣ кунам, ки он ҷо барои амалӣ намудани зарфияти хеш имкон дошта бошам. Муҳимтар аз ҳама, мехоҳам Тоҷикистони ман чунин макон гардад”.
Ин суханони Абдуллоҳ Ғурбатӣ, яке аз рӯзноманигорони ҷавону соҳибистеъдоди тоҷик аст, ки ду сол пеш, дар арафаи таҷлили 25-солагии хеш бо эҳсосоту ҳаяҷон гуфта буд. Аммо як сол баъд, 15-уми июни соли 2022 ӯ боздошт ва пас аз чанде барои 7,5 сол равонаи зиндон шуд. Ҳамакнун, як сол аст, ки Абдуллоҳ Ғурбатӣ дар зиндон аст ва имрӯз, 1-уми август, 27-солагии худро дар зиндон таҷлил мекунад.
Авазмад Ғурбатов, ки бо тахаллуси эҷодии Абдуллоҳ Ғурбатӣ дар майдони журналистика фаъолият дошт, яке аз ҷавонтарин рӯзноманигорони умедбахши тоҷик муаррифӣ мешавад. Ӯ то замони боздошт дар расонаҳои гуногун, аз ҷумла ҳафтаномаҳои “Пайк” ва Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон – ҳафтаномаи “Фараж” ва Агентии иттилоотии “Азия-Плюс” фаъолият дошт ва бештар мавзӯҳои иҷтимоии ҳассосро баррасӣ менамуд.
Ӯ дар муқобили ноадолатӣ ҳеҷ гоҳ ором наменишаст. Дарди ҷомеаро хуб эҳсос мекард ва барои давои он тамоми талоши худро анҷом медод. Аз маконҳои барои ҷони кас хатарнок гузориш таҳия мекард, доди мардумро мешунид ва ба эътирози онҳо гӯш медоду аз мансабдорон посухи суолҳои мардумро мепурсид. Ҳеҷ як ҳодисаи муҳим ва ҳеҷ як масоили доғ аз назари ӯ дур намемонд, агар он ба тақдиру сарнавишти мардум дахл медошт.
Воқеиятро мегуфт, агар он талх ҳам бошад. Мисли тамоми тӯли таърих, ҳақиқат на ба ҳар кас хуш меомад. Ҳамин буд, ки Абдуллоҳ Ғурбатиро ду маротиба латукӯб карданд.
Дар як ҳолат шахси латукӯбкарда пайдо нашуд ва дар ҳолати дуввум чанд нафар барои майдаавбошӣ ҷарима шуданд.
Бо иродаи қавӣ мехост журналисти ҳирфаӣ бошад
Аммо ин ҳам рӯҳияи Абдуллоҳро нашикаст ва ӯ бештар вориди майдони журналистика шуд. Мехост ҳама майлонҳои нави журналистиро аз худ кунад.
Вақтҳои охир Абдуллоҳ бештар ба суратгирӣ ва таҳияи навору филмҳои кӯтоҳ машғул буд. Ҳатто як филми мустанаде ҳам таҳия кард, ки дар озмуну фестивалҳои дохиливу хориҷӣ соҳиби ҷоизаҳо гардид.
Аксҳои бардоштаи ӯ ҳам дар саҳифаҳои расонаҳои дохиливу хориҷӣ нашр шудаву баҳои баланд ҳам гирифтанд.
Адолат ҷусту боздошт шуд
Охирин самте, ки Абдуллоҳ ба он таваҷҷуҳ намуд, ҳамкорӣ бо Далери Имомалӣ, блогери тоҷик буд. Абдуллоҳ бо Далер ҳарду барои “Ютубканал”-и Далери Имомалӣ аз мушкилоти аҳолӣ ва мавзӯҳои иҷтимоии ҳассос, аз ҷумла раванди қабули шаҳрвандон аз ҷониби мансабдорон ва монеаҳои дар ин самт ҷойдоштаву муносибати кормандону мансабдорони давлатӣ, навоор таҳия мекарданд.
Бори охир навори омодакардаи Абдуллоҳ ва Далер дар робита ба тахриби бинои сокинони маҳаллаи Зардушти ноҳияи Шоҳмансур тамошобини зиёд пайдо кард. Баъдан, барои рӯшанӣ андохтан ба масъалаи тахриби биноҳо Абдуллоҳ бо Далер дар рӯзи қабули раиси ноҳияи Шоҳмансур, ба бинои ҳукумати ин ноҳия омаданд ва аз рӯзи қабули он гузориш омода карданд, ки дар он гуфта мешуд, раиси ноҳия онҳоро қабул накард. Пас аз нашри ин видео, аввал Далер барои муддате боздошту ба қавли худаш, аз ҷониби корманди прокуратураи ин ноҳия шаппотӣ хӯрд ва дертар раҳо гардид.
Бо гузашти чанд рӯз, ӯ, дар роҳ ба шаҳри Конибодом аз ҷониби кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар ноҳияи Айнӣ боздошт ва ба Душанбе интиқол дода шуд. Чанде пас Абдуллоҳ барои шоҳидӣ аз ҷониби шуъбаи ВКД дар ноҳияи Шоҳмансур даъват гардид ва пас аз додани шоҳидӣ, вақти тарки бинои шуъба, дубора бо иттиҳомӣ “истифодаи зӯроварӣ ба муқобили намояндаи ҳокимият” ва “таҳқири намояндаи ҳокимият” боздошт гардид.
Бояд гуфт, ки Далери Имомалӣ баъдтар ба 10 соли зиндон маҳкум гардид.
Ӯ гуноҳро эътироф накард
Абдуллоҳ Ғурбатӣ пас аз боздошт расман барои “иштирок дар иттиҳоди экстремистӣ” гумонбар ва барои 2 моҳ ба ҳабс гирифта шуд.
Худи Абдуллоҳ ва пайвандонаш ҳеҷ гоҳ гуноҳро эътироф накардаанд.
Мурофиаи додгоҳии Абдуллоҳ Ғурбатӣ дар боздоштгоҳи муваққатӣ ва ба таври пӯшида баргузор шуд ва додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Абдуллоҳ Ғурбатиро ба 7,5 соли зиндон маҳкум намуд.
Боз ҳам Абдуллоҳ Ғурбатӣ зимни сухани охирини худ таъкид намуд, ки гунаҳкор нест ва ҳеҷ яке аз гуноҳи эълоншударо эътироф намекунад.
Ҳукми ноодилона ва сангин
Баъди содир шудани ҳукм, даҳҳо созмонҳои муътабари журналистии дохиливу хориҷӣ, ташкилотҳои дифоъ аз ҳуқуқи рӯзноманигорон ва чеҳраҳои шинохта ҳукми додгоҳро “ноодилона ва сангин” унвон карда, аз мақомоти Тоҷикистон хостанд, ки он бозбинӣ шавад ва рӯзноманигор аз зиндон раҳо гардад.
Аз ҷумла, Гузоришгари СММ, САҲА, Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон, Медиа-Алянс, АМВАОМТ, Кумитаи ҳимоят аз журналистон ҳукми зиндони рӯзноманигор Абдуллоҳ Ғурбатиро шадидан маҳкум карданд.
Гуруҳи расонаҳои “Азия-Плюс” ҳам ҳукми додгоҳро нисбати Абдуллоҳ Ғурбатӣ ғайриодилона ва сангин меҳисобад. Агар мурофиа ба таври боз мегузашт ва мардум далелҳои айбдоркуниро мешуниданд, шояд он вақт мо ақидаи дигар медоштем. Аммо дар шароити кунунӣ, дар бораи бетарафаии тафтишот саволҳои мантиқӣ ба миён меоянд.
Ҳукме, ки нисбати Абдуллоҳ Ғурбатӣ эълон гардид, барои давлати мо ва ҷомеаи ҷаҳонӣ паёми бад дорад.
Новобаста ба ин ҳама, гуруҳи расонаҳои “Азия-Плюс” Абдуллоҳро бо зодрӯзаш сидқан табрик мекунад!
Мо бовар дорем, ки ҳама орзуҳои ту амалӣ мешаванд!
Любовь к детям и страсть к ледникам. Кто она, учитель года 2024 в Таджикистане?
Россия ратифицировала соглашение о создании в Таджикистане центра для одаренных детей
USAID поддержал организацию Startupstan Summit 2024 в Душанбе
Войска ОДКБ отработают уничтожение вторгшихся извне боевиков на учениях «Рубеж-2024» в Таджикистане
Эмомали Рахмон запустил в ГБАО новые ЛЭП
Госдума РФ приняла закон, сделавший бессмысленными фиктивные браки иностранцев с россиянами
«Мама больше не кричит во сне». Как Рухшоне удалось вырваться из насилия в семье и вернуть троих детей
В Душанбе состоится вручение национальной кинопремии «Тоджи Сомон». Какие фильмы будут показаны?
В Худжанде с начала года создано 37 новых предприятий
Не $120, а $137? Сколько стоит турецкая виза?
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста