Суръати сусти интернет ва таҷҳизоти кӯҳнаи ширкатҳои мобилӣ сабаби аслии омода набудани ноҳияи Мастчоҳ ба роҳандозии низоми пардохти ғайринақдӣ будааст.
Аъзам Ализода, раиси ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд, дирӯз, 31-уми июл, зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки ноҳияи зери роҳбариаш барои гузаштан ба низоми пардохти ғайринақдӣ омода нест.
Тибқи як фармони Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон аз 1-уми августи соли ҷорӣ бояд пардохти андозҳо, боҷҳои давлатӣ барои додани иҷозат ва иҷозатномаҳо, пардохтҳои дигари ҳатмӣ ба буҷет, ҷаримаҳо, маблағи суғуртаи ҳатмии давлатӣ, хизматрасониҳои тиббӣ, хизматрасониҳои коммуналӣ, намудҳои дигари хизматрасониҳои давлатӣ, инчунин қабули маблағҳо аз ҷониби вазорату идораҳо ва ташкилотҳои давлатӣ тариқи ғайринақдӣ амалӣ карда мешавад.
Аъзам Ализода гуфт, ки Мастчоҳ ноҳияи дурдаст буда, дар он ҷо суръати интернет суст аст ва инчунин, таҷҳизоти ширкатҳои мобилӣ низ кӯҳна шудаанд.
“Дар Мастчоҳ 6 ҳазор хоҷагии деҳқонӣ ҳаст, ки суратҳисоб надоранд. Ба фикри шахсии ман муассисаҳо ва корхонаю идораҳои ноҳияи Мастчоҳ барои гузаштан ба низоми пардохти ғайринақдӣ омода нестанд. Бахусус, дар вақти андозсупорӣ муаммоҳо мешавад. Зеро мардуми мо ба додани пули нақд одат кардаанд ва ба ин чиз омода нестанд”, - афзуд Аъзам Ализода.
Раиси ноҳияи гуфт, ки барои комилан ҷорӣ кардани низоми пардохти ғайринақдӣ пеш аз ҳама бояд бонкҳо омода бошанд, миёни мардум корҳои тарғиботӣ гузаронанд.
“Пӯшида нест, ки касе соҳиби корти миллӣ шуд, баробари маошаш баромадан, назди банкомат меравад ва ҳамаи маблағро якбора мегирад. Яъне мардуми мо ҳоло ба ин чиз тайёр нест”, - гуфт Аъзам Ализода.
Дар баробари ин, ӯ таъкид намуд, ки фармони содиршударо ҷонибдорӣ мекунад ва барои амалиигардонии он корбарӣ менамояд.
Дар бораи тарзи пардохти ғайринақдии пардохтҳои ҳатмии давлатӣ, навъҳои он ва таъсири суръати пасти интернет ба ин раванд метавонед аз матлаби “Поёни истифодаи пули нақд. Аз 1 август хидматрасониҳои давлатӣ танҳо тариқи ғайринақдӣ пардохт мешаванд” маълумоти бештар дастрас кунед.
Икбол Завкибеков: «Надо любить то, чем занимаешься»
ФСИН: 70% иностранцев в колониях России – граждане стран Центральной Азии
Иранская авиакомпания запустит спецрейсы между Душанбе и островом Киш
США возобновили поставки оружия Украине
«Рыба для товарища Черчилля». В Таджикистане снят фильм о героизме таджиков во Второй мировой войне
Стало известно, когда будет открыта граница между Таджикистаном и Кыргызстаном
«Хабаровские авиалинии» изменили правила перевозки детей мигрантов
ЕБРР и АБР профинансируют модернизацию автодороги Дангара – Гулистон
Врачей легендарного Марадоны отправили под суд
Госдума России рассмотрит запрет на льготное жилье для мигрантов, недавно получивших гражданство РФ
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста