Соли 2024 Фонди захиравии Президенти Тоҷикистон беш аз 563,4 миллион сомонӣ (51,5 миллион доллар) муқаррар шудааст, ки он тибқи салоҳдиди сарвари давлат харҷ мешавад.
Ин маблағ барои соли оянда қариб 1,3 дарсади тамоми хароҷоти буҷаи давлатиро ташкил медиҳад. Буҷаи мамлакат барои соли 2024 беш аз 44,1 миллиард сомониро (4 миллиард доллар) муайян шудааст.
Маблағи Фонди захиравии раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар соли 2024 нисбат ба соли ҷорӣ 68 миллион сомонӣ ё 13,7 фоиз зиёд аст. Маблағи Фонд аз ҳисоби маблағҳои буҷавӣ дар соли 2023-юм 495,4 миллион сомониро ташкил медод.
Маблағи ин Фонд, тибқи иттилои расмӣ, аз ҷониби раиси ҷумҳур барои чорабиниҳои гуногун харҷ карда мешавад.
Бояд гуфт, ки бисёриҳо Фонди захиравии раиси ҷумҳурро бо Фонди Пешвои миллат, ки баҳори соли 2024 шашсола мешавад, фарқ намекунанд. Фонди Пешвои миллат моҳи апрели соли 2018 баъди тағйироту иловаҳо ба Қонун “Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” таъсис дода шудааст.
Байни ин ду фонд шабоҳатҳо мавҷуданд, масалан, ҳарду аз буҷа маблағгузорӣ мешаванд ва метавон барои чорабиниҳои хайриявӣ маблағ ҷудо кард, аммо дар кул, инҳо фондҳои гуногунанд.
Фонди Пешвои миллат, ба фарқ аз Фонди захиравии Президенти Тоҷикистон, танҳо пас аз рафтани раиси ҷумҳури феълии кишвар ба дарёфти маблағҳои буҷа шурӯъ мекунад. Дар назар аст, ки ҳаҷми маблағгузории буҷаи Фонди Пешвои миллат 0,2 дарсади хароҷоти буҷаи давлатиро ташкил диҳад.
Масалан, агар ин Фонд фаъолият мекард, барои пур кардани он дар соли 2024 беш аз 88,2 миллион сомонӣ (ҳудуди 8 миллион доллар) лозим буд. Тартиби сарфи маблағҳои ин Фондро худи Пешвои миллат муайян мекунад, ки то он замон, тавре ки дар боло зикр гардид, бояд собиқ президенти кишвар бошад.




ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста