Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар паёми солонаи худ ба Маҷлиси Олии Тоҷикистон гуфт, маошу нафақа ва стипендияҳо дар соли 2024 аз 30 то 40 дарсад боло меравад.
Президент афзуд:
- аз 1-уми январи соли 2024 маоши кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ ва дигар кормандони мақомоти қудратӣ 40 дарсад;
- аз 1-уми июли соли 2024 маоши кормандони соҳаи тандурустӣ, маориф, иҷтимоӣ ва умуман кормандони соҳаи буҷавӣ ва стипендияҳо низ 40 дарсад зиёд карда мешавад.
- аз 1-уми июли 2024 нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва давлатӣ 30 дарсад зиёд карда мешавад.
Президент, ҳамчунин гуфт, аз 1 июли соли 2024 маоши ҳадди ақал дар соли 2024 ба 800 сомонӣ бардошта мешавад. Феълан ҳаҷми маоши ҳадди ақал 600 сомонӣ аст.
Ёдовар мешавем, ки 1-уми марти соли 2023 маоши кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ 25 дарсад ва дигар кормандони мақомоти қудратӣ 20 дарсад ва аз 1-уми июли соли 2023 маоши кормандони соҳаи тандурустӣ, маориф, иҷтимоӣ ва стипендияҳо низ 20 дарсад зиёда шуда буд.
Ҳамчунин, аз 1-уми июли 2023 нафақаи заминавӣ ба андозаи 20 дарсад ва ҳамчунин нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ дар сатҳи таварруми 2 соли ахир, на кам аз 16 дарсад зиёд шуда буд. Дигар нафақаҳо низ 20 дарсад зиёд карда гардида буд.
Дар бораи баланд кардани маошу нафақа ва стипендия Эмомалӣ Раҳмон дар паёми солонаи худ ба Маҷлиси Олӣ моҳи декабри соли 2022 дастур дода буд.
Маоши кам дар Тоҷикистон аз мушкилҳои асосии сокинон аст. Дар баробари баланд шудани маошу нафақа, нархи маҳсулот низ дар бозорҳо ба таври автоматӣ баланд мешавад. Ин аст, ки сокинон афзоиши ҳаҷми маошу нафақаро индексатсияи нархҳо медонад.
Таджикистан и Афганистан подписали контракт на поставку электроэнергии в 2025 году
Банки Узбекистана и Казахстана прекратили обслуживать выпущенные Газпромбанком карты UnionPay
Как реформируют свою милицию страны Центральной Азии
130 победителей. Кто они – лауреаты конкурса «Книга – мудрости зари сиянье»?
В Таджикистане создали штаб по цифровизации госуслуг и безналичных расчетов
В Кыргызстане законом запретили электронные сигареты. А как в Таджикистане?
Таджикистан и Узбекистан отменили разрешения на взаимные грузоперевозки
У спасателей Таджикистана появился свой полигон и новый офис
В Кыргызстане задержан автор письма с угрозами в адрес главы ГКНБ
Таджикистан и Россия договорились о запуске нового автобусного маршрута Новосибирск-Худжанд
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста