Аз пагоҳ, 1-уми июли соли 2023, маоши кормандони соҳаҳои тандурустӣ, илму маориф, ҳифзи иҷтимоӣ ва стипендияҳои донишҷӯён ва ҳаҷми нафақаи заминавӣ 20 дарсад зиёд мешавад. Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон аз 6-уми феврали соли 2023 ба имзо расида буд.
Дар асоси фармони мазкур
- андозаи маоши заминавӣ барои ҳисоб намудани маоши вазифавии кормандони соҳаи тандурустӣ 20 фоиз зиёд карда шуда, ба 440 сомонӣ баробар мешавад;
- стипендияҳои амалкунандаи донишҷӯён ва намудҳои дигари стипендия (ба ғайр аз стипендияҳои президентӣ ва курсантҳои муассисаҳои олии ҳарбӣ ва Академияи ВКД) 20 фоиз зиёд мешавад;
- нафақаи заминавӣ 20 фоиз зиёд карда шуда, ба андозаи 250 сомонӣ баробар мешавад;
- нафақаҳои суғуртавӣ ба андозаи сатҳи таварруми ду соли охир баробари 16 фоиз индексатсия карда мешаванд;
- нафақаҳои дигари амалкунанда 20 фоиз аз меъёри нафақаи заминавӣ баробар ба 50 сомонӣ зиёд мешаванд.
Барои баланд бардоштани ҳаҷми маошу нафақа аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағҳо ҷудо мешавад.
То 20 дарсад зиёд шудани ҳаҷми маошу нафақа дар ҳолест, ки ба ҳолати 1-уми январи соли 2023 андозаи миёнаи маош дар Тоҷикистон беш аз 1700 сомонӣ буда, андозаи миёнаи нафақа дар ҷумҳурӣ 323 сомонӣ, андозаи миёнаи нафақаи меҳнатӣ 395 сомонӣ, андозаи миёнаи нафақаи суғуртавӣ 311 сомонӣ ва андозаи миёнаи нафақаи иҷтимоӣ 213 сомониро ташкил медиҳад.
Қаблан, аз 1 марти соли 2023 маоши вазифавии хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони ҳифзи ҳуқуқ ба андозаи 25 фоиз ва дигар кормандони ин мақомот ба андозаи 20 фоиз баланд шуда буд.
Дар бораи баланд кардани маошу нафақа ва стипендия Эмомалӣ Раҳмон дар паёми солонаи худ ба Маҷлиси Олӣ моҳи декабри соли 2022 дастур дода буд.
Маоши кам дар Тоҷикистон аз мушкилҳои асосии сокинон аст. Дар баробари баланд шудани маошу нафақа, нархи маҳсулот низ дар бозорҳо ба таври автоматӣ баланд мешавад. Ин аст, ки сокинон афзоиши ҳаҷми маошу нафақаро индексатсияи нархҳо медонад.
Планы Нозии и Мухаммадрофеъ «петь на радость поклонникам и служить стране»
Tcell подписал меморандум с Ilmhona и Re-skill
«Мы никому не рассылали СМС»: «Почтаи точик» предупреждает о мошенниках
В Узбекистане разрешили передавать вокзалы и железнодорожные составы в частные руки
ЕБРР запускает программу «Молодежь в бизнесе» в Таджикистане
«Мама читала, я запоминала». Как Фарахбахш, несмотря на слепоту, победила в конкурсе «Книга – мудрости зари сиянье»
Как Малика Джуракулова меняет мир и борется за права таджикских женщин
На дорогах Душанбе всё чаще замечают LiXiang L9: что за автомобиль покоряет столицу?
Google Pay с Mastercard от Алифа уже доступен: оплачивайте покупки телефоном бесконтактно
«Барки точик»: Если бы не модернизация, мы могли вообще остаться без электроэнергии
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста