То ин лаҳза барои гирифтани Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ китобҳои Рустами Ваҳҳоб, Равшани Махсумзод ва филми Носир Саидов пешниҳод шудааст. Ин ҷоиза то охири моҳи январ ба барандагонаш эҳдо мегардад.
Ҳар сол дар соҳаи адабиёт, санъат, меъморӣ ва журналистика барои комёбиҳои намоён Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ тақдим мешавад.
Низом Қосим, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва муовини раиси Кумитаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ зимни сӯҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт, асарҳоро иттифоқҳои эҷодӣ бояд пешниҳод намоянд.
Ба гуфтаи ӯ, дар ҷаласаи раёсати Иттифоқи нависандагон, ки 29-уми декабри соли 2023 барпо гардидааст, асарҳои зерин барои дарёфти Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар соли 2024 пешниҳод шудааст:
Дар бахши адабиёт: маҷмуаи ашъори “Қаламрави меҳр”-и Шоири халқии Тоҷикистон Рустами Ваҳҳоб;
Дар бахши адабиёти кӯдакон ва наврасон: маҷмуаи қиссаву ҳикояҳои “Кафшергар”-и муовини Иттифоқи нависандагон Равшани Махсумзод.
Сафар Ҳақдодов, раиси Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон мегӯяд, ки ин созмон филми “Роҳ”-и коргардони шинохта Носир Саидовро барои дарёфти ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ дар соли 2024 пешниҳод кардааст.
Филми мазкур Шоҳҷоиза барои беҳтарин филми ҳунарӣ дар нахустин синамоҷашнвораи байналмиллалии Душанбе - “Тоҷи Сомон”-ро ба даст оварда буд.
Раиси Иттифоқи композиторони Тоҷикистон Амирбек Мусозода ҳам гуфт, ки аз ҷониби ин ниҳод ду асар барои дарёфти Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ пешниҳод шудааст, вале аз ироаи номи онҳо худдорӣ кард.
Зинатулло Исмоилзода, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон гуфт, аз сӯи ин созмон имсол ягон асар пешниҳод нагардидааст. Ба қавли ӯ, дар соҳаи журналистика (публистистикаи бадеӣ) шӯъбаи публистистикаи Иттифоқи нависандагон бояд барои дарёфти Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ асар пешниҳод кунад. Аммо аз ҷониби Иттифоқи нависандагон асаре дар ин соҳа пешниҳод нашудааст.
Ба қавли Низом Қосим, соли гузашта дар соҳаи публистистикаи бадеӣ асарҳо пешниҳод шуда будаанд, вале мувофиқ наомада, соҳиби ҷоизаи давлатӣ нагардидаанд.
Муовини раиси Кумитаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ гуфт, ки ҳайати ин кумита то 15-уми январ ҷамъ омада, асарҳоро баррасӣ мекунанд ва баъди нимаи дуюми январ ҷоиза ба соҳибонаш эҳдо мегардад.
Ёдовар мешавем, ки Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ соли 1963 таъсис ёфта, онро аввалин бор Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода барои достон “Ҷони ширин” гирифта буд.
Особенности таджикской свекрови: учит готовить, помогает с детьми, контролирует каждый шаг
Афиша от «Азия-Плюс»: «Летучая мышь», музыкальный джем от MUZA и комедия «Плутни Скапена»
Казахско-таджикский фильм примет участие в самом крупном азиатском киномаркете в Гонконге
FT: в Украине рассчитывают на размещение 50 тысяч миротворцев в стране в случае прекращения огня
В Душанбе задержан мужчина, обвиняемый в 12 эпизодах мошенничества
Кто такой Хабибулло Вохидзода, возможно, новый генпрокурор Таджикистана?
10 лет притворялся мертвым, а потом организовал нападение на Израиль: нужен ли главе ХАМАС мир в Газе?
Топ-100 лучших: попал ли чемпионат Таджикистана по футболу в число сильнейших в мире?
Эмомали Рахмон освободил от должностей Шерали Мирзо и Бега Сабура, и предложил сменить генпрокурора Юсуфа Рахмона
Трамп назначил главой Секретной службы США агента, защищавшего его во время покушения
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста