Ду додрас - Абдураҳмонзода Бахтиёр Саидумрон аз вазифаи раиси суди ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон ва Маҷидзода Фирдавс Маҷид аз вазифаи судяи суди шаҳри Леваканти вилояти Хатлон бинобар содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад, озод карда шуданд.
Дар ин бора имрӯз, 30-юми январ, Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон фармонро имзо кард.
Дар бораи кадом кирдори судяҳо сухан меравад, хадамоти матбуоти сарвари давлат маълумот надодааст.
Бояд гуфт, қаблан низ раиси ҷумҳур чандин додрасро айнан барои паст задани “шаъну эътибори судя” аз кор озод кардааст, аммо дар аксари ҳолатҳо гуфта намешавад, ки додрасҳои барканоршуда кадом кирдори пастзанандаи эътибори судяро содир кардаанд.
Ҳамчунин, Ҷаъфарзода Латофат Қаландар бо сабаби расидан ба синни ниҳоии дар вазифаи судя будан аз вазифаи раиси суди ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон озод карда шуд.




ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста