Дар соли 2023 Тоҷикистон ба маблағи 110 миллион доллар ба Афғонистон, Ӯзбекистон ва Қазоқистон барқ фурӯхтааст. Дар ин бора Ҷамшед Нурмаҳмадзода, раиси Агентии омор имрӯз, 14-уми феврал, дар нишасти матбуотӣ хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, фурӯши барқ нисбат ба соли 2022 4 дарсад бештар мебошад.
“Соли 2023 барқи Тоҷикистон ба Афғонистон, Ӯзбекистон ва Қазоқистон содирот шуд. Ҳаҷми содирот ба мо дастрас нест, вале маблағаш 110 миллион доллар аст”, - гуфт роҳбари Агентии омор.
Нурмаҳмадзода гуфт, нерӯи барқи Тоҷикистон аз ҳама бештар ба Афғонистон фурӯхта шудааст ва маблағи он 70 миллион долларро ташкил медиҳад. Аммо гуфта мешавад, ки содироти барқ ба Афғонистон дар соли 2023 5 дарсад камтар аз соли 2022 будааст.
Ҷамшед Нурмаҳмадзода гуфт, ки дар соли 2023 Тоҷикистон ҳам аз Ӯзбекистону Қирғизистон ба маблағи 18 миллион доллар нерӯи барқ ворид кардааст.

Дирӯз, 13-уми феврал, директори “Барқи тоҷик” Маҳмадумар Асозода зимни нишасти матбуотӣ гуфт, соли 2023 аз Тоҷикистон ба кишварҳои хориҷа беш аз 2,6 млрд кВт. соат барқ содир шудааст, ки назар ба соли 2022-юм 124 млн кВт. соат бештар аст.
Ҳаҷми содироти барқи Тоҷикистон дар соли 2023 чунин аст:
- Афғонистон - 1 млрд, 624 млн кВт.соат;
- Ӯзбекистон - 907,5 млн кВт.соат;
- Қазоқистон - 144 млн кВт.соат.
Ёдовар мешавем, ки аз моҳи сентябри соли 2023 дар манотиқ ва ҳатто навоҳии атрофи пойтахти Тоҷикистон маҳдудияти интиқоли барқ ҷорӣ шудааст. Ҳоло ба сокинони деҳоти кишвар 3 соат дар субҳ ва 5 соат шабона барқ дода мешавад.
Ҳамоно маълум нест, ки маҳдудияти интиқоли барқ дар кишвар кай барҳам мехӯрад ва ба қавли роҳбарияти “Барқи тоҷик” ҳоло “пешбинӣ кардан ғайриимкон мебошад”.




ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста