Номи даъвогарони дарёфти Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ дар соли 2024 муайян шуд. Ҷоизаи мазкур дар бахшҳои адабиёт, санъат, меъморӣ ва журналистика дода мешавад.

Дар ин хусус аз Кумитаи ҷоизаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ “Ховар” хабар додаанд.

Дар асоси низомномаҳои кумита ва ҷоиза, қарорҳои бахшҳо ва раёсати кумита асарҳои зерин ба озмуни дарёфти Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ дар соҳаи адабиёт, санъат, меъморӣ ва журналистика дар соли 2024 пешниҳод шудаанд:

Дар бахши адабиёт Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон маҷмуаи шеърҳои Рустам Ваҳҳобзода “Қаламрави меҳр”-ро пешниҳод намудааст.

Дар бахши театр ва синамо Раёсати Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон гурӯҳи офарандагони филми ҳунарии “Роҳ”- коргардон Носир Саид, муаллифи сенария Сафар Ҳақдод, наворбардор Георгий Дзалаев, оҳангсоз Далер Назаров ва офарандагони нақшҳои асосӣ — Надежда Муҳаммадҷонова, Зулфия Қодирова, Мавлонбибӣ Наҷмиддинова ва Абдукарими Машрабро пешниҳод намудааст.

Дар бахши мусиқӣ ва ҳунарнамоӣ аз ҷониби Раёсати Иттифоқи композиторони Тоҷикистон “Луғатномаи тафсирии истилоҳоти мусиқӣ”-и Ҷӯрахон Обидпур пешниҳод шудааст.

Дар бахши санъати тасвирӣ ва меъморӣ Раёсати Иттифоқи меъморони Тоҷикистон асари меъмории “Тахти тоҷикон” дар маҷмааи “Майдони Истиқлол”-и Самӣ Азизиёнро пешниҳод намудааст.

Дар бахши эҷодиёти бадеӣ барои кӯдакон ва наврасон Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон маҷмуаи қисса ва ҳикояҳои “Кафшергар”-и Равшан Махсумзодро пешниҳод намудааст.

Дар бахши публитсистика аз ҷониби ҳайати мушовараи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷмуаи очерк, мусоҳиба ва мақолаҳои публитсистии Абдураҳмон Абдуманнон “Аз дирӯз ва имрӯзи адабиёти тоҷик” пешниҳод гардидааст.

Инчунин Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар бахши тарҷума, пажӯҳиш ва тарғиби адабиёти тоҷик дар мамлакатҳои хориҷӣ Иосиф Брагинскийро барои силсилаи асарҳои адабиётшиносӣ, чопи осори адибони тоҷик дар нашриёти Русия ва Аврупо ва тарғиби собитқадамонаи асарҳои адабиёти классикӣ ва муосири тоҷик пешниҳод намудааст.

Раёсати Кумитаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ аз мутахассисон ва тамоми ҳаводорони адабиёту санъат хоҳиш кардааст, ки моҳҳои март-май дар муҳокимаи ин асарҳо тавассути воситаҳои ахбор фаъолона иштирок намоянд.

Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ — ҷоизаи олии ҷумҳуриявӣ аст, ки барои комёбиҳои намоён дар соҳаҳои адабиёт, ҳунар ва меъморӣ эҳдо мешавад. Ҷоиза 2-юми январи соли 1963 таъсис ёфта, иттиҳодияҳои нависандагон, рассомон, оҳангсозон ва меъморони ҷумҳурӣ ба он беҳтарин асарҳоро пешниҳод месозанд ва баъди баррасии ҳамаҷониба барандагон эълон мегарданд.

Аввалин Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ба Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода барои достон “Ҷони ширин” тақдим гардидааст.

Ин ҷоиза дар ду сол як маротиба тақдим карда мешавад ва маблағи он барои як номина 3500 доллари ИМА мебошад, ки бо пули миллӣ бо қурби ҷорӣ дар рӯзи қабули қарор дар бораи додани ҷоиза аз ҷониби ҳукумат пардохт карда мешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.