Ба Гулрухсор Сафиева, Шоири халқии Тоҷикистон, дирӯз, 19-уми март, дар Душанбе ҷоизаи байналмилалии “Қанди порсӣ” супорида шуд. Ин ҷоизаи баландтарини Конуни фаромарзии ҳамёрии порсизабонон аст ва шоири тоҷик барои посдории забони порсӣ соҳиби ин ҷоиза шуд.
Ба қавли Карими Карим, дабири ин Конун, забони форсӣ дар ҳавзаи кишварҳои форсизабон ба чолишҳои сиёсиву иҷтимоӣ рӯбарӯ аст ва кам шахсият пайдо мешавад, ки барои посдории забон ва ба ҳам пайвастани форсизабонон талош меварзад.
“Ҷоизаи “Қанди порсӣ” натанҳо барои шеъри бону Гулрухсор, барои посдорӣ ва ба ҳам пайвастани форсизабонон ба эшон эҳдо шуд. Дар мавриди гуфторашон, соҳаи фаъолияташон, робитаҳояшон, дар кул аз дидгоҳҳои гуногуни бону Гулрухсор Конун шинохт дошт ва якдилона ҷоизаи “Қанди порсӣ” эҳдо шуд”, - мегӯяд Карими Карим.
Гулрухсор “Қанди порсӣ”-ро ҷоизаи арзишманд медонад, зеро он ба хотири “сухани ширини форсии дарии тоҷикӣ эҳдо шудааст”.
Ин шоири саршинос дар маҳфил гуфт:
Азизи ман, Хуросон аст ин ҷо,
Сухангуфтан на осон аст ин ҷо.
Ҷоизаи байналмилалии “Қанди порсӣ” дар соли 2024 ба ду нафар тақдим гашт. Якҷо бо Гулрухсор, Амина Шарофиддинова ҳаст, ки солҳо барои ҳифзи забон ва фарҳанги форсии тоҷикӣ дар Ӯзбекистон мубориза бурдааст.
Ин ҷоиза ҳафтаи пеш дар саҳни Регистони Самарқанд ба Амина Шарофиддинова супорида шуд ва ӯ онро ҷоизаи ҳамаи форсизабонон медонад.
Зиёиёни тоҷик ҷоизаи байналмилалии “Қанди порсӣ”-ро ба Гулрухсор ва Амина Шарофиддинова таҳният гуфта, онро рамзӣ ва ифтихоровар зикр мекунанд.
Ин ҳафтумин маросими эҳдои ҷоизаи байналмилалии “Қанди порсӣ” аст. Дар гузашта, аз Тоҷикистон танҳо Дориюши Раҷабиён, рӯзноманигори ВВС, барандаи ин ҷоиза шуда буд. Ҷоизаи байналмилалии “Қанди порсӣ” ҳудуди 7 ҳазор сомонӣ ҷоизапулӣ дорад.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.




ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста