Директори ҶДММ “Лоиқ” Абдулоиқ Саидов баъди нашри хабари “Тасарруфи беш аз 142 ҳазор сомонӣ зимни сохтмони як бинои Маркази миллии тестӣ” ба редаксияи “Азия-Плюс” бо хоҳиши нашри назари ӯ оид ба хабари нашргардида муроҷиат кард.
Саидов дар муроҷиаташ қайд мекунад, ки “то эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукм ҳеҷ кас гунаҳкор дониста намешавад” ва нашри хабар дуруст нест.
Бояд гуфт, хабари тасарруфи маблағҳои буҷетӣ дар яке аз биноҳои Маркази миллии тестӣ дирӯз, 25-уми апрел, дар сомонаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр гардид ва ОИ “Азия-Плюс” дар асоси он хабар таҳия ва нашр карда буд.
Абдулоиқ Саидов дар посухаш санҷиши молиявии гузаронидаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон “саропо нодуруст ва ғайриқонунӣ” номида, онро “дахолати бевосита ба фаъолияти соҳибкорӣ” медонад.
Ӯ менависад, ки “санҷиш бе иштироки ман гузаронида шуда, то ҳол Агентӣ бо Санади ревизия манро шинос накардааст ва нусхаи онро ба ман насупоридааст”.
Ба гуфтаи Саидов, корҳои сохтмонӣ то ҳол анҷом наёфтаанд ва объекти сохтмонии “Ошхона” аз ҷониби супоришдиҳанда қабул карда нашудааст.
“Тамоми корҳои мо тибқи шартномаи гражданӣ сурат гирифта дар сурати пайдо шудани камбудию норасоиҳо аз ҷониби “Супоришдиҳанда” ба “Пудратчӣ” бартараф карда мешаванд”,- зикр кардааст соҳибкор.
Ӯ ҳамчунин мегӯяд, маълумоти Агентӣ дар хусуси чораандешӣ нисбати ҳаммаслакон “дурӯғи маҳз буда, Агентӣ нисбати дигар шахсон парванда накушодааст ва ягон “ҳаммаслак” низ вуҷуд надорад”.




ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста