Дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон як ҷавон барои ба хидмати алтернативии ҳарбӣ равон кардани як даъватшаванда аз модари он ҷавон 54 ҳазор сомонӣ гирифтааст. Ин дуввумин ҳолати порагирӣ барои хидмати алтернативӣ дар ин минтақа аст.
Ба иттилои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, ахиран ба шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Қубодиён аризаи зани 46-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст.
“...моҳи декабри соли 2023 ҷавони 25-солаи сокини ҳамин ноҳия бо роҳи фиреб ба бовариааш даромада, барои писари 22-солаашро ба хидмати алтернативии ҳарбӣ равон кардан аз ӯ 54 ҳазор сомонӣ гирифта, ягон амалро иҷро накарда, маблағи гирифтаашро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст”, - менависад ВКД.
Маълум нест, ки ин ҷавон дар куҷо кор мекунад ва чӣ гуна билети ҳарбиро барои ин зан дастрас мекард.
Нисбати гумонбаршуда бар асоси қисми 1-и моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (қаллобӣ) парвандаи ҷиноӣ боз шудааст ва тафтишот идома дорад. Ин модда ба андозаи аз 250 то 365 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (1 нишондиҳанда ба 72 сомонӣ баробар аст) ҷарима ё то 3 сол зиндонро пешбинӣ кардааст.
Мақомот аз ин ҷавон ном набурдаанд ва назари ӯву наздиконаш маълум нест.
Гуфтан ба маврид аст, ки дар як моҳ ин дуввумин ҳодисаи чунин қаллобӣ дар ин минтақа аст.
Рӯзи 22-юми май ҳам дар ноҳияи Қубодиён нозири минтақавии ВКД С.Давлатзода бо гумони гирифтани пора боздошт шуд. Агентии зиддифасоди кишвар хабар дод, ки нозир дар гирифтани пора “барои ташкили хидмати алтернативии ҳарбӣ” гумонбар дониста мешавад.
Ба иттилои ин ниҳод, Давлатзода дидаву дониста аз он ки ваколати сафарбар намудани шаҳрвандро ба хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои давлатии сафарбарӣ надорад, бо вуҷуди ин, аз шаҳрванд Э.А. пулро мегирад.
Аз ин пештар, дар ноҳияи Темурмалик сардори зершуъбаи қайди афсарони эҳтиётии Комиссарияти ҳарбӣ айнан бо чунин иттиҳом ва бо гумони гирифтани пора боздошт шуда буд.
Қабл аз ин ҳам дар шаҳри Ҳисор як масъулро бо ин иттиҳом боздошт карда буданд.
Мувофиқи тағйирот ба қонун “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хидмати ҳарбӣ” аз соли 2021, шахсони синни даъват метавонанд ду соли маъмулӣ дар артиш хидмат накарда, ба ивази ин дар ҳайати захираи даъвати сафарбаркунӣ хидмати ҳарбиро адо кунанд.
Бо қарори ҳукумат аз 1-уми сентябри соли 2023 арзиши хидмати ҳарбии пулакӣ дар Тоҷикистон 750 нишондиҳанда барои ҳисобҳо муқаррар шуд. Маблағи мазкур бо назардошти нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар соли равон, ки 72 сомонӣ муқаррар гардидааст, 54 ҳазор сомонӣ мебошад.
Из Узбекистана будут депортировать иностранцев за оскорбления страны
"Озоди": Чоршанбе Чоршанбиев стал фигурантом еще одного дела и получил новый срок
«Если только все не останется на бумаге...». Решит ли Программа развития таджикского театра его проблемы?
Президент открыл нейрокардио-эндохирургический центр в Худжанде
Собака загрызла таджикистанку, работавшую домработницей в Мытищах
МВД России и Таджикистана обсудили совместные меры борьбы с международным наркобизнесом
Президент Абхазии подал в отставку ради стабильности в стране
Как в Таджикистане удалось выполнить план осеннего призыва досрочно
МИД России: Удары ATACMS по России будут означать прямое участие США в конфликте
В Душанбе задержан подозреваемый в покушении на убийство и пытках мигрантов на Сахалине
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста