Саидҷаъфар Усмонзода, ҳамакнун раиси расман пешини Ҳизби демократи Тоҷикистон (ҲДТ) ва вакили парлумон далелҳои иловагии худ оид ба "ғайриқонунӣ” барканор карданаш аз садри ҳизбро ба Вазорати адлияи Тоҷикистон пешниҳод карда, аз ин инҳод хостааст, қарораш дар бораи эътирофи Шаҳбози Аброр ба ҳайси раиси ҳизбро бекор кунад.
Ӯ, ки худро раиси қонунии ҳизб медонад, зимни суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, ҷаласаи ғайринавбатии ҲДТ-ро бо 7 аъзои Шӯрои сиёсии ҳизб (аз 13 аъзои Шӯрои сиёсӣ) пеш аз зуҳри имрӯз, 6-уми июн баргузор карданд.
Ба гуфтаи вай, дар ин ҷаласа, чанд аъзои нав қабул ва чанд узви собиқадори ҳизб, аз ҷумла Аҳмадшоҳ Комилзода, муовини раиси ҳизб аз сафи он хориҷ карда шудаанд.
Ҷаласа қарор кардааст, ки дар робита ба Анҷумани ғайринавбатии XVIII-уми рӯзи 11-уми май, ки ба гуфтаи ӯ ғайриқонунӣ аст, далелҳои иловагӣ ба Вазорати адлияи Тоҷикистон пешниҳод шавад.
Дар мактуби расмие, ки бо имзои Саидҷаъфар Усмонзода ба Музаффар Ашӯриён, вазири адлияи Тоҷикистон ирсол шудааст, омадааст, ки онҳо анҷумани рӯзи 11-уми майро эътироф намекунанд ва он "ғайриқонуниву ғайрионинномавӣ" аст.
Ӯ ба вазир далел пешниҳод кардааст, ки аз созмонҳои ҲДТ дар ВМКБ ва вилояти Хатлон касе дар ин анҷуман ширкат накарда, дар созмонҳои шаҳру навоҳии ин вилоятҳо конфронсҳо нагузаштааст.
“Дар созмонҳои шаҳрӣ ва ноҳиявии ҲДТ дар вилояти Суғд низ конфронсҳо нагузаштааст. Раиси созмони ҲДТ дар вилояти Суғд ваколати иштирок дар ин анҷуманро надошт, чунки ваколати раисии ӯ як сол пеш тамом шуда буд...”,-омадааст дар мактуби расмии Усмонзода.
Далели сеюме, ки Усмонзода пешниҳод кардааст, ин аст, ки "аз созмони ҲДТ дар шаҳру навоҳии тобеи марказ танҳо як нафар аз созмони минтақаи Рашт дар ин анҷмуан ширкат кардааст ва дигар созмонҳо аз баргузории ин анҷуман хабар надоштнад ва онро ғайриқонуниву ғайриоинномавӣ медонанд".
Ӯ аз вазири адлияи Тоҷикистон хоҳиш кардааст, ки қарорҳои ҷаласаи Шӯрои сиёсии ҲДТ, ки рӯзи 8-уми май баргузор шуд, ба эътибор гирад.
Ҳамчунин, ба дасти “Азия-Плюс” мактуби раиси созмони ҲДТ дар вилояти Хатлон бо имзои Қурбоналӣ Ҳаитов ва раиси созмони ҲДТ дар ВКМБ бо имзои Мурасса Нарзиқулов расид, ки ба унвонии Музаффар Ашӯриён ирсол шудааст.
Онҳо дар макутби худ гуфтаанд, ки баргузории анҷумани рӯзи 11-уми майро "ғайриқонунӣ ва ғайриоинномавӣ" медонанд ва Саидҷаъфар Усмонзодаро "раиси ҳизби қонунӣ" медонанд.
Онҳо илова кардаанд, ки аз баргузории анҷумани рӯзи 11-уми май хабар надоштанд, "дар созмонҳои ноҳиявиву шаҳрӣ ҳам конфронсҳо баргузор нашуд, онҳо барои ширкат дар ин анҷуман ба вакилони худ иҷозати иштирок надодаанд".
Зимнан бояд гуфт, ки рӯзи 31-уми май Вазорати адлияи Тоҷикистон қарори Анҷумани ғайринавбатии XVIII ҲДТ, ки рӯзи 11-уми май баргузор шуд, тасдиқ ва Шаҳбози Аброрро раиси нави ҲДТ сабти ном карда буд.
Дар ҳамин ҳол, Саидҷаъфар Усмонзода дар суҳбат бо “Азия-Плюс” қарори вазорати адлияро чунин шарҳ дод:
“Мактубе, ки Ҳакимзода Асадулло, муовини вазири адлия ирсол кард, баҳсталаб аст ва ман аз нуқти назари ҳуқуқӣ ва маънавӣ онро беасос медонам. Вазорати адлия ҳуқуқи баҳо додани анҷуман ва баҳсҳои дохилиҳизбиро надорад. Вазорат танҳо ҳизбҳои сиёсӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятиро ба қайд мегирад ва ҳисоботҳои онҳоро қабул мекунад. Вазорати адлия суд нест, баҳсҳои байни дохилиҳизбиро суд муайян мекунад”.
Ӯ гуфт, онҳо хулосаи худро аз Ваазорати адлия мунтазир мешаванд ва баъди посухи вазорат Шӯрои сиёсии ҳизб хулоса хоҳад кард, ки ба додгоҳи муроҷиат кунанд ё не.
Ёдовар мешавем, ки буҳрони навбатӣ дар сафи ҲДТ аввали моҳи май сар зад. Он замон чанде аз аъзоёни ҳизб ҷаласаи Шӯрои сиёсии ҳизбро баргузор карда, қарори даъвати анҷумани ғайринавбатиро қабул карданд.
Онҳо ангезаи даъвати анҷумани ғайринавбатиро ба “беамалии роҳбарияти ҳизб ва ба таври дахлдор фаъолият накардани” марбут донистанд.
Саидҷаъфар Усмонзода он замон дар саҳифаи “Фейсбук”-аш навишт, ки “гурӯҳи номаълум бо сардории Шаҳбози Аброр ва Юлдошев Абдуҷаббор мехоҳанд рӯзи 11 майи соли 2024 анҷумани ғайринавбатии ҲДТ-ро баргузор кунанд, ки ин рафтори ғайриоинномавӣ буда, ба Шӯрои сиёсии ҲДТ алоқаманд нест”.
Новобаста ба ин, рӯзи 11-уми май анҷумани ғайринавбатӣ баргузор шуд ва иштирокдорони он Саидҷаъфар Усмонзодаро аз вазифа барканор ва ба ҷойи ӯ Шаҳбози Аброрро раиси нави ҲДТ интихоб карданд.
Пас аз баргузории анҷуман Усмонзода онро ғайриқонунӣ ва худро роҳбари қонунии ҳизб хонда, гуфт, интизори баҳои ҳуқуқии Вазорати адлия ба ин амал аст. Вазорат номзадии Шаҳбози Аброрро ҳамчун раиси нави ҲДТ ба қайд гирифт.
Дар хухуси ихтилофу кашмакашҳои навбатӣ дар Ҳизби демократи Тоҷикистон аз матлаби “Раиси пешин ва нави ҲДТ дар интизори хулосаи Вазорати адлия. Усмонзода аз мандати вакили парлумон маҳрум мешавад?” маълумоти бештар метавонед пайдо кунед.
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 25 ноября 2024 года
Топ полезных таджикских блюд для поддержания иммунитета во время холодов
Как не стать жертвой мошенников-продавцов мёда в Таджикистане?
"Бычьи знамена", "Диравши Ковиёни", "Султан тень Аллаха", красный стяг: как менялся флаг таджиков?
Ужесточите наказание! Почему в Таджикистане нет культуры вождения?
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 24 ноября 2024 года
Что нужно знать о профилактике простатита в наступающие холода?
ООН: В 2024 году зафиксировано рекордное число смертей гуманитарных работников
От настольных солнечных вентиляторов до эко-искусства: проекты молодежи Таджикистана
5 чудес Китая: объекты наследия ЮНЕСКО, которые вас поразят
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста