Имрӯз, 20-уми июн, Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон қонуни баҳсбарангези манъи воридоту фурӯшу ба бар кардани либоси “бегона” ва идгардак дар ҷашнҳои Рамазону Қурбонро имзо кард. Дар ин бора Хадамоти матбуотии президент хабар медиҳад.
Манбаъ навишт, ки Эмомалӣ Раҳмон ба 35 қонун, аз ҷумла қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», «Дар бораи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон», «Дар бораи нишондиҳандаҳо барои ҳисобҳо» имзо гузошт.
Хадамот дар шарҳи имзои қонунҳои танзими ҷашну маросим ва масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак навиштааст, ки он “ба мақсади ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ, пешгирии хурофоту таассуб, зиёдаравию исрофкорӣ дар баргузории ҷашну маросим, баланд бардоштани маънавиёт ва сатҳи иҷтимоию иқтисодии мардуми Тоҷикистон, инчунин ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои кӯдак, таълиму донишомӯзӣ, тарбияи кӯдак дар руҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ равона шудаанд”.
Ба гуфтаи манбаъ, қонунҳои баимзорасида ба таъмини рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум, таҳкими суботу оромии ҷомеа ва қонунияту тартибот равона шудаанд.
Баъди дар матбуот ба нашр расидани қонун он ба ҳукми иҷро медарояд.
Дирӯз, 19-уми июн, Маҷлиси миллии Тоҷикистон, палати болоии парлумон қонуни баҳсбарангези манъи фурӯшу пӯшидани либоси бегона ва идгардак барои кӯдаконро қабул карда буд.
Бояд гуфт, ки рӯзи 8‑уми май палатаи поёнии парлумон Қонун “Дар бораи танзими ҷашну маросим”-ро қабул кард, ки он “воридот, фурӯш, тарғиби либосҳои ба фарҳанги миллӣ бегона ва пӯшидани чунин либосҳо дар ҷойҳои ҷамъиятӣ” ва дар рӯзҳои Иди Рамазон ва Иди Қурбон “исрофкорӣ, зиёдаравӣ, тақдими ширинӣ ва туҳфаҳои дигар (идгардак)”-ро манъ мекунад.
Лоиҳаи қонун аз сӯйи Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба порлумон ворид шуд ва вакилон ҳам онро пазируфтанд. Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи дин, дар ҳузури вакилон ҳадафи ин тағйиротро "беҳтар гардидани шароити иҷтимоӣ ва вазъи оилавии шаҳрвандон" номид.
Тасмими манъи идгардак дар рӯзи идҳои мазҳабӣ ва пӯшидани либоси бегона, аз ҷумла сатру ҳиҷоб дар ҷомеа вокуниши гуногунро ба миён овард. Ҳамчунин, дар шабкаҳои иҷтимоӣ наворҳое пахш шуд, ки кормандони номаълум бархе занонро боздошт ва маҷбур мекунанд, ки сатрашонро кашанд ва ё онро ба “усули тоҷикӣ” банданд. Гурӯҳи дигар аз ин тасмим ҳимоят карданд.
Саидмукаррам Абдуқодирзода, раиси Шӯраи уламои Тоҷикистон дар як баромади худ дар ТВ “Тоҷикистон” аз тарҳи ин қонун ҳимоят карда, гуфта буд, ки либоси миллӣ ҳам бояд мувофиқи муқаррароти ислом бошад.
Ин дар ҳолест, ки фурӯшандагон аз муқаррароти нави лоиҳаи Қонун “Дар бораи танзими ҷашну маросим” ибрози нигаронӣ доранд.
Барои риоя накардани он ҷарима таъин шудааст, вале ҳоло миқдори он муайян нест. Ҳамзамон, то ҳол аниқ гуфта нашудааст, ки кадом намуди либос “ба фарҳанги миллӣ бегона” аст ва фурӯшу пӯшидани он мумкин нест.
Чунин сангаргириҳо дар манъи идгардаки кӯдакон низ буд. Теъдоде онро ҷонибдорӣ карда, гуфтанд, идгардак барои кӯдакон бехатар нест ва дар ин шевае, ки баргузор мешавад, барои ҷомеаи тоҷикӣ бегона аст. Гурӯҳи дигар гуфтанд, ин як манбаи хушнудии кӯдакон аст ва бо қабули қонун наметавон пеши роҳи кӯдаконро гирифт ва онҳоро аз хурсандӣ боздошт.
Бердвотчеры: Зачем люди наблюдают за птицами?
В Душанбе открылся «Торговый дом Узбекистана» по строительным материалам
Дом, где все продумано до мелочей. В Рудаки строят дом премиум-класса
Эмомали Рахмон произвел кадровые перестановки: кто лишился постов, а кто получил новое кресло?
В Узбекистане осудили воевавших в Украине на стороне России
Дебют на Кубке Азии, Олимпиада в Париже, ЧМ в Душанбе. Чем запомнился таджикский спорт в 2024 году?
КЧС Таджикистана предупредил о густых туманах и лавиноопасности
Дания изменила королевский герб после заявления Трампа о намерении купить Гренландию
Спецпосланник Трампа Кит Келлог отложил поездку в Украину
Город, поселок, вокзал. Почему в Согде так и не построили обещанные объекты?
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста