Масъулини шаҳри Истиқлол (Табошари пешин) рӯйхати хонаҳои бидуни назорати соҳибмулк ё бесоҳибро тартиб додаанд ва мехоҳанд онҳоро ба шахсони ниёзманд диҳанд.
Қаюмҷон Маҳмудзода, раиси шаҳри Истиқлол имрӯз, 22-юми июл, зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки рӯйхати хонаҳои бесоҳибро комиссияи вижаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр тартиб додааст.
“Аз соли 2023 ин ҷониб, аз ҷониби комиссияи махсуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истиқлол беш аз 50 хонае, ки дар онҳо айни замон касе зиндагӣ намекунад, муайян гардида, вориди рӯйхат шудааст”,- гуфт Қаюмҷон Маҳмудзода.
Ӯ сабаби сабтиноми ин хонаҳоро ба фонди ҳукумат гузаронидани онҳо рабт дода, зикр кард, ки ин хонаҳо бо ҳолати вайронаи худ ҳусни шаҳрро мекоҳонанд.
Бояд гуфт, тибқи қонунгузории ҷории кишвар, манзисли зист моликияти хусусии шаҳрванд буда, бе розигии ӯ мусодира кардани он иҷозат дода намешавад. Албатта, дар ҳолатҳои истисноие, ки қонун майян кардааст, аз ҷумла бо қарори додгоҳ.
Ин нуктаро Қаюмҷон Маҳмудзода низ таъкид карда, илова намуд, ки “нисбати ин хонаҳои бесоҳиб низ бетараф буда наметавонанд”.
Ба қавли Қаюмҷон Маҳмудзода, ҳоло онҳо қарори додгоҳро интизоранд ва дар сурати дарёфти иҷозаи ба фонди ҳукумат гузаронидани хонаҳо, ин манзилҳоро ба шахсони ниёзманди дар қайдбуда месупоранд.
Ёдовар мешавем, ки шаҳри Истиқлол дар шимоли вилояти Суғд ҷойгир буда, дар он ҷо солҳои пеш ақаллиятҳои гуногуни зиёд зиндагӣ доштанд. Баъдан, теъдоде аз онҳо шаҳрро тарк карданд ва хонаҳои онҳо холӣ монд.