Нуриддин Саид, раиси Кумитаи радио ва телевизиони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар таъкид кард, ки дар телевизионҳои кишвар барномаҳои танқидӣ ҳаст.
Ӯ ин нуктаро имрӯз, 22-юми июл, зимни нишасти матбуотӣ зикр кард.
Нуриддин Саид гуфт, вобаста ба муҳтавони телевизонҳо барномаҳои интиқоди таҳияву пахш мешаванд. Ба қавли ӯ, онҳо ҳатто телевизиони “Сайёҳӣ”-ро ҳам огоҳ кардаанд, ки барномаҳои интиқодӣ таҳияву пахш кунад.
“Ман чандин маротиба гуфтам ва боз таъкид мекунам, ки барномаҳои танқидӣ бояд созанда ва барои рафъи мушкилӣ ва инчунин беҳбудӣ ва ислоҳи камбудӣ бошанд”, - иброз дошт раиси Кумита.
Вале Нуриддин Саид аз ягон барномаи танқидӣ дар шабакаҳои давлатӣ мушаххас ном набурд.
Бояд гуфт, ки баҳси адами барномаҳои танқидӣ дар телевизионҳои давлатии Тоҷикистон дар нишастҳои қаблии Кумита низ матраҳ гардида буд ва дар нишасти қаблӣ Нуриддин Саид ба журналистон телевизионҳо гуфта буд, ки аз танқид натарсанд ва барномаҳои интиқодӣ таҳия кунанд.
Иддаои раиси Кумита дар мавриди таҳияву пахши барномаҳои танқидӣ дар ҳолест, ки мунтақидон аз набудани чунин барномаҳо дар шабакаҳои давлатӣ интиқод карда, мегӯянд, телевизионҳои кишвар бештар ба пахши барномаҳои расмиву қолабӣ ва таърифу тавсиф машғуланд ва аз баррасии мавзӯъҳои муҳим канорагирӣ мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки ҳоло дар Тоҷикистон 15 телевизиони давлатӣ ва 18 хусусӣ мавҷуданд. Дар ин миён телевизионҳои давлатӣ, ки аз ҳисоби андози мардум фаъолият мекунанд, аз имкониятҳои васеътаре бархӯрдоранд ва дар тамоми минтақаҳо дастрасанд.




ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста