Дар Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, ниҳоди зертобеии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ба “Азия ‑ Плюс” гуфтанд, ки барои пешгирӣ аз паҳншавии бемории обилаи маймун дар кишвар тадбирҳои зарурӣ андешидаанд.
Бемории обилаи маймун дар Африқо хуруҷ кардаву боиси марги чандин нафар гардидааст. Аввалин гирифторон ба ин беморӣ дар Аврупо ва Осиё низ ошкор шудаанд. Созмони ҷаҳонии беҳдошт аз паҳншавии беморӣ ҳушдор додааст. Кишварҳои ҷаҳон барои пешгирӣ аз паҳншавии ин беморӣ чораҳо меандешанд.
Мақомоти Тоҷикистон низ мегӯянд, барои пешгирии паҳншавии бемории обилаи маймун дар кишвар тадбирҳои зарурӣ андешидаанд.
Соҳибназар Зоиров, як намояндаи Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ ба “Азия‑Плюс” гуфт, барои пешгирӣ аз паҳншавии ин беморӣ дар якҷоягӣ бо Созмони ҷаҳонии беҳдошт нақшаи чорабиниҳоро тартиб додааст.
“Назорат дар фурудгоҳ ва сарҳадҳои марзӣ пурзӯр карда мешаванд. Нафароне, ки аз кишварҳои аллакай ин беморӣ сабтгардида ба Тоҷикистон меоянд, аз санҷиши тиббӣ мегузаранд”, ‑ гуфт Соҳибназар Зоиров.
Аммо мушаххас зикр намешавад, ки назорати пурзӯри сарҳад кадом чораҳоро дар бар мегирад.
Зоиров илова кард, ки оид ба бемории обилаи маймун Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ айни замон дастурамал таҳия карда истодааст ва он ба марказҳои назоратӣ ва мардум дастрас карда мешавад.
“Оид ба роҳҳои пешгирӣ аз бемории обилаи маймун дар назар аст, тариқи васоити ахбори омма барномаҳо таҳия ва пахш карда шаванд”, ‑ зикр кард ӯ.
Бояд гуфт, ки Вазорати тандурустии Қазоқистон низ тавсия додааст, ки дар фурудгоҳҳо ва гузаргоҳҳои марзӣ корҳои санитарию гигиениро дар сатҳи баланд гузаронанд, то пеши роҳи воридшавии бемории “обилаи маймун” ба кишварро бигиранд.
“Вазорати тандурустии Қазоқистон вазъи эпидемиологиро назорат мекунад ва омода аст ба ҳама гуна тағйирот зуд вокуниш нишон диҳад”,‑ омадааст дар хабари Вазорати беҳдошти ин кишвар.
Манбаъ афзудааст, ки духтурони ин кишвар дастурамалҳоеро низ таҳия карданд, ки ба таври комил ба дастурҳои таҳияшуда ҳангоми пандемияи коронавирус монанд ҳастанд.
Ҳамчунин Вазорати беҳдошти кишвар ба шаҳрвандон тавсия додаанд, ки бо одамони бемор ва ҳайвоноти ваҳшӣ наздикӣ накунанд, аз воситаҳои муҳофизатӣ истифода баранд ва гигиенаро риоя кунанд. Ҳамчунин зикр кардаанд, ки ба кишварҳое, ки аллакай бемории обилаи маймун дар онҷо сабт шудааст, сафар накунанд.
Кишвари Ӯзбекистон низ барои пешгирӣ аз воридшавии бемории обилаи маймун тадбирҳои заруриро қабул мекунад. Дар ин бора сардори идораи Санэпидкомитет Рустамҷон Икрамов хабар додааст.
Ӯ зикр кардааст, ки вирусологҳо дар пойтахт ва минтақаҳои ин кишвар тадбирҳои заруриро амалӣ кардаанд ва барои харидани тестҳои ташхиси бемории “обилаи маймун” даст ба кор шудаанд.
“Ин тестҳо дар тамоми минтақаҳо паҳн карда мешаванд ва агар лозим бошад, барои ташхиси беморӣ истифода хоҳанд шуд”, ‑ афзудааст Икромов.
Ӯ таъкид кардааст, ки дар назар аст семинарҳои махсус байни кормандони соҳаи тиб гузаронанд ва роҳҳои ташхиси ин беморӣ, нишонаҳои он ва тарзи расонидани ёрии аввалияи тиббиро таълим диҳанд.
Қаблан Созмони ҷаҳонии тандурустӣ аз паҳншавии бемории обилаи маймун нигаронӣ карда, онро “вазъияти фавқулодаи байнулмилалӣ” эълон кард.
Нахустин ҳолати мубтало ба ин беморӣ берун аз қитъаи Африқо дар Шветсия сабт шуд ва тибқи маълумоти манобеъ дар кишвари Покистон низ сабт шудааст.
Ба қавли Созмони ҷаҳонии беҳдошт нишонаҳои асосии бемории обилаи маймун дарди сар ва таби баланд, ларза ва обилаҳои рӯйи пӯсти бадан ва дохили даҳон мебошад.
Кто сказал, что у бизнеса не женское лицо? Истории таджикистанок, которые открыли и успешно развивают свое дело
«Возмездие неотвратимо». Путин утвердил ядерную доктрину России
Делегация Таджикистана отправилась укреплять связи с Малайзией и странами АСЕАН
Где сходить по нужде? Составили карту общественных туалетов Душанбе
Неделя математики, физики и компьютерных наук: в Таджикистане завершился образовательный проект СКФУ
Военная прокуратура Куляба расследует причины гибели служившего в погранвойсках срочника
Талибы усилили контроль за запретом на показ людей в СМИ
Женщинам с инвалидностью в Таджикистане практически недоступны медицинские услуги. Как можно изменить ситуацию?
Из Узбекистана будут депортировать иностранцев за оскорбления страны
"Озоди": Чоршанбе Чоршанбиев стал фигурантом еще одного дела и получил новый срок
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста