Дар Тоҷикистон 94%-и мардум аз сабаби табъиз дар ҷомеъа ва ҳатто дар дохили хонаводаҳояшон ҳолати вируси норасоии масунияти одам (ВНМО)-и худро пинҳон мекунанд.

 

Ба Ясмина ҳангоми муҳоҷираташ, хуни сирояти ВНМО шуда интиқол кардаанд.

Ясмина (ном иваз карда шудааст), муҳоҷири мавсимӣ, вақте дар Русия ба садама дучор шуд, 35 сол дошт. Вай се рӯз беҳуш буд ва 800 миллилитр хун гум кардааст. Азбаски ӯ суғурта ё полиси тиббӣ надошт, хун аз шахсони ба ӯ номаълум интиқол дода шуд.

Пас аз се моҳи тавонбахшӣ дар Русия Ясмина ба Тоҷикистон баргашт. Донори фаъоли хун буда, соли 2013 тасмим гирифт, ки донории худро дар Маркази ҷумҳуриявии хун давом дихад. Пас аз гузаштани ташхис аз ӯ хоҳиш карданд, ки ба назди сардухтур равад.

"Ман корти тиббиро дар рӯи миз дидам, дар он мӯҳри калони сурх "ВНМО" буд ва дар паҳлӯи он соли таваллуди ман буд. Баъдтар дар ҳамон корт насаби худамро дидам. Ман бовар надоштам. Дар фикрам, ВНМО як бемории "кормандон"-и алоқаи ҷинсӣ ва истеъмолкунандагони маводи мухаддир аст, аммо ман чунин нестам. Ба назар гӯё умрам ба охир расида бошад",- нақл мекунад Ясмина.

Одамони гирифтори ВНМО аксар вақт ба таъбиз аз тарафи кормандони соҳаи тиб дучор мешаванд. Масалан, ба ҷои он ки ба Ясмина муолиҷаи муассири мавҷударо пешниҳод кунад, ба ӯ гуфтанд, ки ба зудӣ мемирад:

"Дар маркази хун ба ману ҳамширароҳхат доданд. ҳамшира ба ман савол доданро шурӯъ кард: "Фарзанд доред?... Оё медонед, ки ба наздикӣ мемиреду фарзандонатон ятим мемонанд?". Ин савол маро асабонӣ кард. "Не, ман ҳуқуқи мурдан надорам. Фарзандонам бо ман мемонанд", – ёдовар шуд ин зан.

Акс: иллюстрасияи Ирины Тимошенко

Ҳоло вай ба бемории фибромиомаи бачадон - варами безарар гирифтор аст, ки бо ҷарроҳӣ табобат мешавад. Аммо аз сабаби ҳолати ВНМО-и мусбат, табибон масъулиятро ба дӯши ҳамдигар мегузоранд ва намехоҳанд, ки онро ба дӯш гиранд. Табибон ба ӯ ишора мекунанд, ки ба куҷое равад, ӯро қабул намекунанд.

"Баъзеҳо мустақиман гуфтанд, ки ман зери "наркоз" мемирам",-мегӯяд Ясмина.

 

Кадом намудҳои табъиз вуҷуд доранд?

Табъиз дар шаклҳои гуногун сурат мегирад: нажодӣ, ҷинсӣ, синну солӣ, динӣ. Фаҳмидани ин намуди табъизҳо ба мо кӯмак мекунад, ки бо беадолатӣ мубориза барем.

Табъизи мустақим вуҷуд дорад, вақте ки шахс ба духтур муроҷиат мекунад пас аз фаҳмидани вазъи ӯ аз кумак кардан даст мекашанд.

Намунаи табъизи ғайримустақим маҳдудиятҳои меҳнатӣ мебошад. Вақте, ки корфармо ҳангоми ба кор гирифтан санҷиши ВНМО ва муоинаи тиббиро талаб мекунад. Мутобиқи Кодекси меҳнати Тоҷикистон санҷиши ВНМО танҳо барои кормандони соҳаи тиб, ки бо хун кор мекунанд, ҳатмист.

Ба гуфтаи Лариса Александрова, ҳуқуқшинос ва коршинос оид ба ВНМО ва ҳуқуқи инсон ин муносибат ба афроди мубталои ВНМО дар дарёфти ҷои кор монеъ мешавад.

"Ин амр афроди гирифтори ВИЧ-ро маҷбур мекунад, ки аз тарси ифшои мақом ва вокуниши корфармо аз чунин корҳо даст кашанд. Ҳамин тариқ, ҳуқуқи онҳо ба кор поймол мешавад, ки ин ба ҳуқуқи онҳо ба зиндагӣ ва саломатии шоиста таъсир мерасонад», - гуфт ӯ.

Тарс аз таъна ва тамғагузорӣ одамонро маҷбур мекунад, ки ҳолати ВНМО-и худро пинҳон кунанд, аз иштирок дар чорабиниҳои иҷтимоӣ даст кашанд ва доираи иҷтимоии худро маҳдуд кунанд. Ин ба танҳоӣ, депрессия ва ҷудошавии иҷтимоӣ оварда мерасонад - ба саломатии рӯҳӣ ва ҷисмонии онҳо таъсири манфӣ мерасонад.


Пурсиши миёни шахсони мубталои ВНМО нишон медиҳад, ки аз 10 нафар мубтало ба ВНМО дар Тоҷикистон 7 нафар аз ҳолати ВНМО-и худ шарм медоранд. Аз фишори беруна одамон худро "ифлос", "гуноҳкор" ва "беқадр" ҳис мекунанд. Ин натиҷаи пажӯҳиши “Нишондиҳандаи сатҳи тамғазании афроди мубталои ВНМО” аст, ки соли 2021 дар Тоҷикистон анҷом шудааст. Дар ин тадқиқот 1100 гирифторони ШВН аз тамоми минтақаҳои кишвар иштирок карданд.

Одамони гирифтори ВНМО метавонанд бо сабабҳои гуногун ба табъиз дучор шаванд. Масалан, як зани маъюби гирифтори ВНМО метавонад ҳамзамон аз рӯи ҷинс, маъюбӣ ва синну солаш табъиз шавад. Табъиз инчунин метавонад такрор шавад - вақте ки шахс аз рӯи нажод, ҷинс, мақоми худ дар ҷойҳои гуногун, дар ҷои кор, дар муассисаҳои таълимӣ ё ҳангоми муошират бо одамон ба табъиз дучор мешавад.

Қонуни нави Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз" ҷавобгарӣ барои ҳама гуна зуҳуроти табъизро пешбинӣ мекунад. 

Ташкилоти ҷамъиятии СПИН Плюс ёрии ройгони равонт ва ҳуқуқӣ пешниҳод мекунад. Дар ин ҷо мубталоёни ВНМО тарзи ҳифзи ҳуқуқҳои худро момӯзанд. Дар Тоҷикистон созмонҳои дигар метавонанд ба шахсони гирифтори ВНМО кумак расонанд, ки баъзеи онҳо дар ҷадвали зер оварда шудаааст:


 

Стигма аз оила оғоз меёбад

Ясмина ошпази моҳир аст, аммо ӯро пеш аз ҳама аз ошхона бо далели стереотипи гӯё ВНМО тавассути асбобҳои маишӣ - бо истифода аз зарфҳои муштарак ё тавассути қатраҳои ҳавоӣ интиқол мешавад ҷудо карданд.

"Фаромӯш намекунам, ки ҳангоми пухтани гӯшт ангуштамро буридам, банд карда тавонистам, аммо модарам тамоми дегро гирифта ба ҷӯбор партофт ва гуфт: "Дигар намепазӣ". Маро аз ҳаммом ҷудо карданд. Зимистону тобистон паси хона шино мекардам. Мошини ҷомашӯӣ бароям баста буд. Модарам маро аз фарзандонам 5 моҳ ҷудо кард. Маҳз дар он лаҳзаҳо ман зиндагӣ кардан намехостам", – бо дард ба ёд меорад Ясмина.

Вай мегӯяд, бо ҳар беморие ки бошад, метарсид, ки ёрии таъҷилӣ занг занад ва ба назди пизишкон равад. Пас аз ошкор шудани ҳолаташаз табъиз метарсид, вале бештар аз ҳама барои обрӯи фарзандонаш тарс дорад.

Мария Гончарова, равоншинос мегӯяд, ки зиндагӣ бо ВНМО аксаран бо табъизи стигма ва ҷудогузории иҷтимоӣ алоқаманд аст, ки ба саломатии рӯҳӣ ва ҷисмонӣ таъсири ҷиддӣ мерасонад. Мария якчанд сабабҳоро зикр кард, ки чаро тамғагузории одамоне, ки бо ВНМО зиндагӣ мекунанд, муҳим нест:

"Одамони мубталои ВНМО дар бемории худ гунаҳкор нестанд ва бо ин сабаб сазовори он нестанд, ки ба онҳо муносибати дигар кунанд. Стигма метавонад сабаби аз ташхис ва табобат худдорӣ кардани онҳо шавад, ки ба таъхири ташхис мушкилоти ҷиддӣ оварда мерасонад. Муҳокимаи ошкорои ВНМО метавонад ба одамон барои худро аз сироят муҳофизат кардан кумак расонад. Дастгирии одамоне, ки бо ВНМО зиндаги мекунанд, хеле муҳим аст. Ин ба онҳо ёри медиҳад то, ки кӯмаки лозимаро гиранд ва худро аз паҳншавии вирус пешгирӣ кунанд".

Зиндагии Ясмина метавонист ба таври дигар равад, агар бо марде, ки ҳамзамон мубталои ВНМО зиндагӣ мекунанд, ошноии тасодуфӣ пайдо намекард. Ин мард солҳои тӯлонӣ дар издивоҷи номусоид қарор дошт. Ин маънои онро дорад, ки ҳамсараш сирояти ВНМО нест ва ӯ бо гирифтани табобати зиддиретровирусӣ таъсири муайяннашавандаи вирусӣ дорад. Табобати антиретровирусӣ ин табобати ВНМО тавассути истеъмоли якчанд доруҳои зиддивирусӣ мебошад. Дар баробари ин ба онҳо муяссар шуд, ки кӯдаки солим таваллуд кунанд.

Акс: иллюстрасияи Риты Черепановой

Оила ба вай илҳом бахшид, ки ба ҳолати ВНМО-и худ, дигар хел нигоҳ кунад ва нишон диҳад, ки ба ҳаёти муваффақона ноил шудан мумкин аст. Ба шарофати ин шиносоӣ Ясмина тавонист, ки худро қадр кунад, дӯст дорад ва ҳатто ҷои кор пайдо кунад.

"Дар асоси намунаи ӯ, ман тавонистам ба худ ва қувваҳои худ бовар кунам. Ӯ маро ба ташкилоти худашон даъват кард, ки дар онҷо ба мисли ман одамон кор мекунанд. Ва ин ба ман кӯмак кард, ки на танҳо мақоми худро қабул кунам, балки инчунин фаҳмам, ки рисолати ман дар ҳаёт кӯмак кардан ба одамон аст", - мегӯяд Ясмина.

Ҳоло Ясмина 47-сола аст, тамоми аҳли оила ва муҳити атрофаш аз вазъи ӯ бохабаранд ва бо ӯ эҳтиромона муносибат мекунанд, зеро бо вуҷуди ҳама мушкилот тавонист худро дар кор пайдо кунад. Ӯ медонад, ки ҳама коре, ки замоне оилааш карда буд, сабаби огоҳӣ набудани онҳо дар бораи ВНМО буд. Ясмина дар назди худ мақсад гузоштааст, ки ҳаёти одамони зиёдеро наҷот диҳад ба онҳое, ки ба дастгирӣ ниёз доранд, кӯмак расонад.

Донистани ноодилона будани табъиз нисбати шахсони гирифтори ВНМО, муҳим аст. Онҳо барои бемории худ гунаҳкор нестанд ва мисли дигарон сазовори эҳтиром ҳастанд. Дохилшавӣ ва дастгирии шахсони гирифтори ВНМО ба ташкилёбии ҷомеае мусоидат мекунад, ки дар он ҳама новобаста аз мақом худро қабул ва эҳтиром кунанд.

Ин мавод аз ҷониби Созмони Байналмилалии Муҳоҷират дар Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Филиали созмони байналмилалии «Centers for International Programs, Inc.» (ICAP) дар Тоҷикистон бо дастгирии молиявии Агентии Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ (SDC) омода шудааст. Мазмуни мақола масъулияти муаллиф буда,  назари SDC-ро инъикос намекунад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.