Мақомоти милитсияи Суғд занеро барои озору шиканҷаи як кӯдаки 2-сола боздошт кардаанд. Ин зан сокини 47-солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров буда, тифле, ки доягӣ мекард, наздики се моҳ мавриди латукуби шадид қарор додааст.
Дар ин бора Акбар Шарифӣ, масъули матбуоти Раёсати ВКД дар вилояти Суғд дар барномаи “Милитсия хабар медиҳад” иттилоъ додааст.
Дар гузориш аз ин зан Мафтуна Аҳмадҷоноваи 47-сола ном бурдаанд, ки фарзанди 2-солаи духтари амакашро бар ивази пул доягӣ мекард
“Модари кӯдак дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор дошта, тибқи маслиҳат бояд ба доя ҳар моҳ 15 ҳазор рубли русӣ мефиристод”,- омадааст дар гузориш.
Кормандони мақомоти милитсия тифлро бо дастони баста дар хонаи Мафтуна Аҳмадҷонов дарёфтанд ва маълум шудааст, ки кӯдак дар муддати қариб се моҳ ҳамеша мавриди азобу шиканҷа қарор гирифтааст.
Худи Мафтуна Аҳмадҷонов дар гузориши РВКд дар вилояти Суғд иқрор мешавад, ки кӯдакро латукӯб мекард. Зан сабаби дуруштӣ ба тифлро ба таъкиди модари кӯдак рабт додааст, ки "вақти фарзандашро супурдан хоҳиш карда буд, ки дар тарбияташ сахтгир шав ва агар беодобӣ кард зан". Таҳти чӣ шароит сабт шудани худиқрории ӯ маълум нест.
Айни замон нисбати ин зан барои азобу уқубат нисбати ноболиғ (қисми 2 моддаи 117) парвандаи ҷвиноятӣ оғоз шуда, ӯ дар ҳасби пешакӣ қарор дорад. Ин банди қонунгузорӣ аз 3 то 7 соли ҳабсро пешбинӣ мекунад.
Латукӯби кӯдак аз ҷониби волидайн, наздикон ё парсаторон дар Тоҷикистон падида нав нест. Қаблан, низ нафаорҳои латукӯби кӯдакон ба расонаҳо ва шабкаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфта буданд ва барои ин чанд нафар боздошт ва ҳабс шуда буданд. Аз ҷумла, додгоҳи ноҳияи Хуросон як сокини ин ноҳияро барои латукӯби ҳамсар ва фарзанди семоҳааш 8 сол равонаи зиндон карда буд.





ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста