Дар ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд як зани 28-сола бо иттиҳоми куштори фарзанди шавҳараш (угайаш) боздошт шудааст. Дар ин бора Раёсати ВКД дар вилояти Суғд дар барномаи “Милитсия хабар медиҳад” иттилоъ додааст.
Дар гузориш аз ин зан Наргиза Ниёзова, истиқоматкунандаи ҷамоати шаҳраки Меҳрободи ноҳия ном бурда мешавад, ки ӯ ду сол пеш бо падари кӯдак Сорбон Ниёзов оиладор шуда, барои ҳарду ин оилаи дуюм будааст.
“Қабл аз оиладорӣ Наргиза Ниёзова медонист, ки Сорбон Ниёзов ду фарзанд дорад ва ӯ парасторӣ ва тарбияи фарзандони “угаяш”-ро ба зимма гирифта буд”, - омадааст дар гузориш.
Вале ин зан шаби 14 ба 15-уми ноябр “аз ҳисси бадбинӣ ва кинаву адовати оилавӣ Ниёзов Комронҷони 9-соларо дар хонаи хобаш бо роҳи буғӣ кардан ба ҳалокат расонидааст”.

Сорбон Ниёзов, падари кӯдак дар гузориш гуфтааст, пеш аз оиладоршавӣ ба Наргиза Ниёзова гуфта буд, ки се фарзанд дорад ва ӯ розӣ шуда буд, ки онҳоро ба тарбият гирад, вале намедонад чаро ӯ фарзандашро куштааст.
Дар гузориш зикр мешавад, ки “ҳарчанд зоҳиран нуқсе дар саломатии ҷисмонӣ ва равонии Наргиза Ниёзова дида намешавад, вале атрофиён тағйир ёфтани рафтори ӯро ба марги бармаҳали фарзанди навзодаш, ки соли равон баъди таваллуд фавтид, рабт медиҳанд”.
Назари худи Наргиза Ниёзова, наздикон ва вакили дифои ӯ ба иттиҳом маълум нест.
Ҳоло нисбати ӯ барои куштори ноболиғ ё қисми 2-и моддаи 104 парвандаи ҷиноятӣ оғоз гирдида, дар ҳабси пешакӣ қарор дорад. Ин банди қонунгузолрӣ аз 15 то 20 соли зиндон ё ҷазои қатл ё якумраро пешбинӣ мекунад.
Куштор ё латукӯби кӯдак аз ҷониби моиндар ё падарандар дар кишвар ҳодисаи нав нест. Соли 2022 низ мақомоти милитсияи вилояти Суғд куштори кӯдаки яксоларо ошкор карданд, ки модараш Мутриба Розиқова барои пинҳон кардани хиёнат ба шавҳараш фарзанди яксолаашро дар гавҳора буғӣ карда кушта буд.
В ООН призвали правительства «проводить политику, гарантирующую равные права людей с аутизмом»
ЕБРР запустил демонстрационные участки по проектам зеленой экономики в Хатлоне
Нам 29. Информационное агентство «Азия-Плюс» отмечает день рождения
Fox News: Трамп полагает, что Путин умышленно затягивает переговоры о прекращении огня
Президент Таджикистана и эмир Кувейта поздравили друг друга с юбилеем дипломатических отношений
17-летний сын главы Чечни назначен куратором МВД по республике
Футболисты ФК «Худжанд» четыре месяца играют без зарплаты?
Какой будет погода в Таджикистане в апреле?
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 2 апреля 2025 года
От кур-несушек до элитных голубей. Топ-5 популярных домашних птиц Таджикистана
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста