Қоҳир Расулзода, Сарвазири Тоҷикистон зимни суханрониаш дар ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои ИДМ дар Маскав гуфтааст, Тоҷикистон ҷонибдори рафъи маҳдудиятҳо дар муомилоти мутақобилаи кишварҳои ИДМ аст.
Ҷаласаи Шурои сарони кишварҳои ИДМ 12-уми декабр дар шаҳри Маскави Русия доир гардидааст.
“Тоҷикистон ҳамчун кишваре, ки соли 2025 раёсати ИДМ-ро ба ӯҳда мегирад, барои рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ дар ИДМ саъю кӯшиши зиёд ба харҷ хоҳад дод”, - изҳор кардааст ӯ.
Қоҳир Расулзода зикр кардааст, монеа ва маҳдудиятҳо дар арсаи тиҷорат дар кишварҳои узви ин созмон то ҳол боқӣ мондаанд. Ӯ инчунин гуфтааст, ҳамоҳангсозӣ ва имзои созишнома аз ҷониби сарони кишварҳо дар самти рушди мошинсозии вазнин, энергетика, экология ва нақлиёт ҷойи муҳимро ишғол мекунад.
Иштирокдорони ҷаласа нақшаи чорабиниҳои афзалиятнок барои солҳои 2025-2026-ро қабул кардаанд. Гуфта мешавад, нақшаи беш аз 200 чорабинӣ дар соҳаҳои маориф, илм, фарҳанг, иттилоот ва коммуникатсия, нашри китоб, варзиш ва сайёҳӣ қабул гардидааст.
Дар ҷаласа инчунин тасмим гирифтаанд, ки соли 2025 ба ифтихори 80-солагии ҷашни Ғалаба “Соли сулҳу ваҳдат дар ИДМ” ва соли 2026 “Соли ҳифзи саломатӣ” эълон карда шавад.
Тибқи нақша ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони ИДМ 30-юми майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад.
Ёдовар мешавем, аз 1 январи соли 2025 ӯҳдадории раёсати ИДМ ба Тоҷикистон мегузарад.
Дафъаи охир Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон зимни суханронӣ дар ҷаласаи Шурои сарони кишварҳои иштирокдори ИДМ дар шаҳри Маскав ба муаррифии авлавиятҳои раёсати Тоҷикистон дар ИДМ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда буд.





Хлопушки снова взрываются. Напоминаем, какое наказание за их ввоз предусмотрено в Таджикистане
В Таджикистане усилят контроль над водопользованием
Милиция Душанбе раскрыла серию краж из автомобилей
Искусство как бизнес. Как сын таджикского художника превратил картины отца в успешный проект
Глава Минкультуры Казахстана прокомментировала уголовные дела против руководителей КазТАГ и Orda.kz
Форум «Цифровой театр»: в Душанбе показали, как бороться с цифровым насилием
Три таджикских специалиста прошли обучение в Академии Международной федерации дзюдо
«Эсхата Банк» запустил сервис переводов на карты UnionPay в Китае
В душанбинском цирке впервые выступят артисты из Италии
Редактор «Азия-Плюс» стал лауреатом премии «За активную гражданскую позицию в журналистике»
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста