Дар натиҷаи заҳролудшавӣ аз дуди ангишт дар ноҳияи Шаҳристон 2 кӯдаки 6 ва 13-сола ба ҳалокат расида, 2 тани дигар да ҳолати вазнин дар беморхона қарор доранд. Ҳамаи онҳо аъзои як оила будаанд. Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулода хабар додааст.
Манбаъ навиштааст, ки ҳодиса соати 05:30 17-уми декабр дар маҳаллаи Себзори ҷамоати деҳоти Шаҳристони ноҳияи Шаҳристон рух дода, баъди заҳролудшавӣ 4 кӯдак аз ҳуш рафтанд.
“Кӯдакон фаврӣ ба бемористон интиқол дода шуданд. Муаассифона бар асари расидани зарари бештар ва заҳролудӣ бо дуди ангишт ду нафари онҳо ҷони худро аз даст доданд”,-гуфтааст КҲФ.
Ба иттилои манбаъ, ду нафари дигар, ки ҳоло дар бемористон ҳолашон вазнин аст, писари 14-сола ва духтари 10-сола мебошанд.
Ин ниҳод гуфтааст, ки “огоҳиву ҳушдорҳо дар мавриди истифода аз ангишт, ҳезум, асбобҳои барқӣ ба гӯши баъзеҳо намерасад. Беаҳмиятиву беназоратиҳо ин гуна фоҷеаҳои мудҳишро ба дунбол доранд”.
КҲФ бо изҳори ҳамдардӣ ба пайвандону наздикони ҳалокшудагон бори дигар аз шаҳрвандон хоҳиш кардааст, ки “ҳангоми истифода аз ангишт барои гарм кардани хонаҳо дар ин фасли сард эҳтиёт кунанд”.
Бояд гуфт, ки ҳар сол бо фаро расидани ҳавои сард сокинони рустоҳои Тоҷикистон хонаҳои худро бо ҳезуму ангишт гарм мекунанд. Дар баъзе маврид риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ боиси заҳролудшавии сокинон мегардад.
Солҳои гузашта ҳам чандин нафар аз дуди ангишт дар хонаҳояшон заҳролуд шуда ба ҳалокат раисданд. Ин аввалин ҳодисаи заҳролудшавӣ аз дуди ангишт дар соли равон аст.





ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста