Аз 1-уми январи соли 2025 нишондиҳанда барои ҳисобҳо аз 72 сомонӣ ба 75 сомонӣ боло меравад. Бо зиёд шудани нишондиҳанда барои ҳисобҳо мутаносибан маблағи андозҳо, боҷҳо, ҷаримаҳо, пардохтҳои ҳатмӣ, кӯмакпулиҳои иҷтимоӣ, иловапулиҳо ва дигар пардохтҳо низ афзоиш меёбанд.
Аз ҷумла ҳаҷми ҷарима барои қонуншиканиҳо зиёд мешавад. Дар ин мавод маблағи ҷаримаи қонуншиканиҳои дар ҷомеа маъмулро бо нишон додани ҳаҷми ҷарима барои соли 2024 ва 2025, ки дар Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва Кодекси ҷиноӣ муқаррар гардидаанд, ҷамъ овардем.
Аз ҷумла, ҷарима барои саркашӣ аз хизмати ҳарбӣ, риоя накардани талаботи қонун дар бораи танзими ҷашну маросимҳо, чун зодрӯз, тӯйи арӯсию домодӣ, ҳоҷиталбону маъракаҳои вобаста ба зиёрати ҳаҷ, машғул шудан ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ, муомилаи ғайриқонунии маводи тарфгарӣ (хлопушка), қонуншиканиҳо вобаста ба идораи воситаи нақлиёт, чун идораи воситаи нақлиёт бидуни доштани ҳуқуқи ронандагӣ ва ё дар ҳолати мастӣ, ташкили пойгаҳои ғарирасмии нақлиётӣ ва парвариши чорво дар ҳудуди пойтахтро гирдоварӣ кардем.
Дар аксҳои зер метавонед бо ҳаҷми ҷаримаҳо дар соли равон ва соли оянда шинос шавед:
Дар Telegram, Facebook ва Instagram бо мо бимонед.




ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста