Дар ин бора аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ба "Азия-Плюс" хабар дода, гуфтанд, дар кишвар вазъи санитарӣ - эпидемиологӣ таҳти назорат аст.
Бемории нави илтихоби шуш бо номи “Мета Пневмовирус” бори аввал чанде пеш дар Чин саб шуд. Ба он асосан кӯдакони то 14 сола сироят меёбанд. Нишонаҳои гирифторӣ ба ин вирус ба зуком ва шамолхӯрии роҳҳои нафас шабеҳ аст.
Расонаҳои ҷаҳонӣ менависанд, ки дар Чин нафарони зиёд ба он олуда, беморхонаҳои кишварро пур кардаанд. Эҳтимоли сироятёбии он ба шаҳрвандони кишварҳои дигар низ мавҷуд аст.
Аз миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ то ҳол масъулини Қазоқистон ва Ӯзбекистон тасдиқ карданд, ки гирифторӣ ба ин бемориро сабт кардаанд. Дар Қазоқистон гуфтанд, 30 ҳолати олудагӣ ба вирус сабт гардидааст. Дар Ӯзбекистон омори мушаххасе гуфта намешавад.
Бояд гуфт, мақомоти Тоҷикистон замони хуруҷи ҳамагири коронавирус, бо вуҷуди хабарҳои зиёди расонаҳо аз афзоиши ҳолатҳои марги одамон бо нишонаҳои олудагӣ ба ин беморӣ, яке аз охирин кишварҳои минтақа буд, ки сабти коровирусро дар кишвар этироф кард.




ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста