То ҳол 90% корҳои лоиҳаи низоми “Шаҳри бехатар” дар шаҳри Хуҷанд ба анҷом расонида шуда, он пурра моҳ апрел ба кор медарояд. Дар ин бора Фирдавс Шарифзода раиси шаҳри Хуҷанд дирӯз, 28-уми январ дар нишасти хабарӣ иттилоъ дод.
Ин тарҳ бо маблағи 20 млн доллари ИМА аз сӯи як ширкати чинӣ, ки чунин дурбинҳоро аллакай дар шаҳрҳои Душанбеву Хоруғ насб кардааст, татбиқ мешавад.
“Аз ҷониби сохторҳои дахлдор хулосаҳои мусбатро гирифтем. Амалишави лоиҳа бояд барвақттар оғоз мешуд, аммо кашол ёфт. Сабаби кашол ёфтани кори лоиҳа ин боз ҳам хубтар омухтани кори он ва бекамбуд тадбиқ намуданаш буд. Дар кори лоиҳаи “Шаҳри бехатар” ҳам нақшаи генералии шаҳри Хуҷанд ва ҳам васешавии кӯчаҳои шаҳр ба назар гирифта мешавад”-гуфт Фирдавс Шарифзода.

Ҳадаф аз татбиқи лоиҳа назорати ҳаракати нақлиёт, пешгирии садамаву қонунвайронкуниҳо ва ҳодисаҳои нохуш арзёбӣ мешавад.
Моҳи майи соли 2023 раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Ли Ян, муовини директори ширкати технологии “Хуавей” дар Тоҷикистон тадбиқи “Шаҳри бехатар” дар шаҳри Хуҷандро баррасӣ карда буданд.
Ҳоло чунин низом аз соли 2013 дар шаҳри Душанбе ва аз соли 2023 дар шаҳри Хоруғ амал мекунад.
Ҳамасола, ба воситаи “Шаҳри бехатар” қоидавайронкуниву қонуншиканиҳои зиёд ошкор мешавад. Аз ҳисоби қонуншикниҳо ҳамасола миллионҳо сомонӣ ба буҷет ворид мешавад. Бархе ронандагон аз ҳолатҳои фасод низ дар кори ин низоми назоратӣ шикоят мекунанд.





ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста