Дар як садамаи нақлиётӣ дар ноҳияи Ёвон 5 нафар, аз ҷумла ду кӯдак ҷон бохтаанд. Ҳодиса рӯзи 25-уми апрел тахминан соати 14:40 рух дода, имрӯз, 28-уми апрел расонаӣ шуд.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар дод, ки Орзу Калтаев, ронандаи мошини тамғаи “Мерседес-Бенс” “ҳангоми ҳаракат аз самти маркази ноҳия ба самти деҳаи Ҷойламаи ҷамоати деҳоти Ҳ.Ҳусейнови ноҳияи мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба канали обгузари қисмати рости роҳ сарозер шудааст”.
Дар пайи ин ҳодиса, модару ҳамсари ронанда бо ду кӯдаки 4 ва 2-солааш ва зани бародари ронанда дар ҷойи воқеа ҷон бохтаанд.
Гуфта мешавад, ки дар робита ба ин ҳодиса мақомоти интизомии ноҳияи Ёвон тафтишот бурда истодаанд.
Мувоффиқи маълумоти Раёсати БДА дар Тоҷикистон давоми соли гузашта 1 ҳазору 233 садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст. Ин дар муқоиса бо соли 2023, 122 маротиба (соли 2023 – 1 ҳазору 111 садама) бештар будааст.
Гуфта мешавад, ки дар пайи ин ҳодисаҳо 552 нафар (соли 2023 – 519 кас) ҷон бохта, 1 ҳазору 353 нафар ҷароҳат бардоштаанд.
Мақомот мегӯянд, суръати баланд, вайрон кардани қоидаҳои сабқат ва ҷойивазкунӣ, риоя накардани фосила, гуфтугӯ бо телефони мобилӣ, омилҳои асосии садамаҳои нақлиётӣ мебошад.




ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста