Тибқи арзёбии коршиносон, соли 2023 бузургтарин коҳиши солонаи ҳаҷми пиряхҳо ба қайд гирифта шуд. Дар натиҷа 600 гигатонна оби ошомиданӣ талаф ёфт, ки сабаби баландшавии сатҳи миёнаи уқёнуси ҷаҳонӣ гардид.
Ин нуктаро Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар суханронии худ дар Конфронси якуми байналмилалии ҳифзи пиряхҳо субҳи имрӯз зикр кардааст.
Ба гуфтаи ӯ, вазъи имрӯзаи пиряхҳо ниёз ба таҳқиқоти дақиқи илмӣ дорад ва барои мисол, омӯзиши намунаи ях аз пиряхи Ванҷях (Федченко) метавонад таърихи ҳазорсолаҳои иқлимро ошкор кунад.
“Бо дарназардошти ҷойгир будани зиёда аз 60 фоизи пиряхҳои минтақа дар Тоҷикистон, пешниҳод менамоям, ки якҷо бо шарикони рушд ва пажуҳишгоҳҳои илмиву-таҳқиқотӣ экспедитсияи фарогири омӯзиши пиряхҳои Тоҷикистонро ташкил карда, дар кишвари мо як озмоишгоҳи минтақавии яхшиносӣ таъсис дода шавад”, - изҳор доштааст Эмомалӣ Раҳмон.
Ӯ, инчунин, эълон кардааст, ки ҳукумати Тоҷикистон тасмим гирифтааст барномаи махсусе барои ҳифзи гуногунии табиии Боғи миллии Тоҷикистон, ки бештари пиряхҳои кишвар дар он ҷойгиранд, роҳандозӣ кунад.
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон иқдомоти фаврӣ ва амалҳои кардани раванди обшавии пиряхҳоро номбар карда, пешниҳод намудааст, ки Стратегияи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо дар сатҳи байналмилалӣ таҳия карда шавад.
“Тоҷикистон ин ташаббусро дар чаҳорчуби Созмони Милали Муттаҳид матраҳ хоҳад кард ва аз ҳамаи кишварҳо даъват ба амал меоварад, ки аз ин иқдом пуштибонӣ кунанд”, - таъкид кардааст Эмомалӣ Раҳмон.
Бояд гуфт, дар Душанбе Конфронси байналмилалии оид ба ҳифзи пиряхҳо идома дорад ва дар назар аст, то 31 май давом меёбад. Тибқи иттилои расмӣ, дар ҳамоиши Душанбе беш аз 2200 намоянда аз 65 кишвари аъзои Созмони Милал ва 70 созмони байнулмилалӣ ширкат хоҳанд кард. Дар миёни онҳо - нахуствазирони чанд кишвар ва ноибони президентҳо ҳам мебошанд. Интизор меравад дар поёни ин ҳамоиш Эъломияи Душанбе дар бораи пиряхҳо қабул шавад.




ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста