Имрӯзҳо дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Порис таҷлили 700-солагии Ҳофизи Шерозӣ, шоири маҳбуби тоҷику форс таҳти унвони “700 сол бо Ҳофиз” идома дорад. Он бо ташаббуси Тоҷикистон баргузор гардида, дар доираи он аллакай, намоиши ҷашнӣ, конфронси байналмилалӣ ва барномаи фарҳангӣ бо ширкати аҳли ҳунару фарҳанг ва адаби Тоҷикистон гузашт.
Кормандони “Азия-Плюс” низ ба ин муносибат дар идора базми шеър ороста, аз Ҳофиз “фолкушоӣ” карданд.
Ҳофизро “Лисон-ул-ғайб” - донандаи асрори ғайб мегӯянд, чун шеъри ӯ хусусияти аҷиб дорад. Дар дилхоҳ маврид ба дарди хонанда мехӯраду таскини дил мегардад: гӯё Ҳофиз ҳамин лаҳза ин байтро барои ӯ гуфта бошад.
Шарти ҳофизхонии мо низ ҳамин буд: қироати байте, ки алҳол ифодагари рӯҳияи мо бошад.
Ҳофизи Шерозӣ аз бузургтарин шоирони форсигӯй буда, эҷодиёташ дар адабиёти ҷаҳонӣ арзиши баланд дорад.
Ҷашнвораи байналмилалии “700 сол бо Ҳофиз”, ки рӯзи 11-уми июн дар ЮНЕСКО оғоз шуд, то 14-уми июн давом мекунад.




ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста