Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои ширкат дар 17-умин ҷаласаи сарони кишварҳои аъзои Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ (СҲИ) субҳи имрӯз, 4-уми июл ба Озарбойҷон сафар кард.
Тибқи иттилои хадамоти матбуоти раисҷумҳур, дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчиёни раисҷумҳур дар масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва масъалаҳои иқтисодӣ, вазирони рушди иқтисод, нақлиёт ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
Нишасти сарони кишварҳои узви СҲИ имрӯз дар шаҳри Хонкендии Озарбойҷон баргузор мешавад. Мавзӯи умумии ҳамоиш "Нигоҳи нави СҲИ барои ояндаи боэътимод ва ба иқлим устувор" гуфта мешавад.
Интизор меравад, дар ин ҳамоиш сарони давлат ва ҳукуматҳои Озарбойҷон, Эрон, Покистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Тоҷикистон, Ӯзбакистон, Туркия, Афғонистон ва Туркманистон ширкат кунанд.
Ҷонибҳо чораҳои андешидаи кишварҳои узвро барои пешгирӣ аз тағйири иқлимро баррасӣ хоҳанд кард.
Дар ин ҳамоиш ҳамчунин, масоили марбут ба тиҷорати минтақавӣ, энержӣ, нақлиёт, рушди устувор ва фарогири иҷтимоӣ баррасӣ мешавад.




ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста