Субҳи имрӯз, 8-уми июл Содир Жапаров, раисҷумҳури Қирғизистон бо сафари давлатӣ ба Тоҷикистон омад. Ӯро дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон пешвоз гирифт.
Сарони ду кишвар дар суҳбати кӯтоҳе дар толори фурудгоҳи пойтахт “доир ба барномаи сафари давлатии Содир Жапаров ба Тоҷикистон табодули назар карда, изҳори боварӣ кардаанд, ки он дар таърихи муносибатҳои ду кишвари ҳамсоя саҳифаҳои нав боз мекунад”.
Баъд аз ин, Содир Жапаров ҳамчун нишони эҳтиром ба таърихи пурғановати халқи тоҷик, дар майдони "Дӯстӣ"-и пойтахт, ба пояи муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт.
Ҳамчунин, Эмомалӣ Раҳмон президенти Қирғизистон дар "Қасри миллат" ба ҳузур пазируфт.
“Маросими истиқбол бо гузориши командири қаровули фахрӣ ба меҳмони воломақом, садо додани сурудҳои миллии ду кишвар, гузаштан аз назди сафи қаровули фахрӣ, арзи эҳтиром ба Парчами давлатии Тоҷикистон ва шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб ҷараён гирифта, бо қадамзании мутантан ва гузаштани ҷузъу томҳои қаровули фахрӣ аз назди сарони ду давлат анҷом ёфт”, - навиштааст хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон.
Ҳамчунин ба ифтихори сафари президенти Қирғизистон аз тупхонаҳо 21 маротиба шиллик паронда шудааст.
Бояд гуфт, сафари давлатии раисҷумҳури Қирғизистон дар кишвари мо рӯзҳо 8 ва 9-уми июл идома ёфта, дар доираи он вохӯрӣ бо раисҷумҳур, раисони Маҷлиси миллӣ ва намояндагони Тоҷикистон, имзои санадҳои нави ҳамкорӣ ва баргузории чорабиниҳои иқтисодиву фарҳангӣ дар назар аст.
Зимнан, баъди ҳалли баҳсҳои марзӣ дар минтақа, ки дар солҳои гуногун боиси муноқишаҳо ва изтиробу ташвиши сокинон гардида буд, муносибатҳои ду кишвар аз нав гарм шуданд.
Баъди қариб чаҳор соли баста будани сарҳад, моҳи марти соли 2025 миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон созишнома оид ба сарҳад имзо шуд. Рӯзи 31-уми март дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки сарони кишварҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид, ки ҳунармандону аҳли фарҳангу зиёи Қирғизистон низ дар он иштирок намуданд.




ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста