Аз боздошт ва баъдан равонаи зиндон шудани Завқибек Саидаминӣ ва Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, ду рӯзноманигори тоҷик се сол пур мешавад. Ҳоло яке аз онҳо дар дар ҳуҷраи ҷаримавии зиндон (ШИЗО) аст ва дигарӣ аз бемории асабу дарди чашму сутунмӯҳра дар зиндон ранҷ мекашад. Бо гузашти се сол пайвандони онҳо аз рӯзгори кунунии худ ва ҳоли рӯзноманигорони маҳкумшуда ба “Азия-Плюс” нақл карданд.

Завқибек Саидаминӣ рӯзи 8-уми июли соли 2022 ва Абдусаттор Пирмуҳаммадзода рӯзи 9-уми июли соли 2022 боздошт шуданд. Пас аз тақрибан 5 моҳи боздошт ва гузашти мурофиаи додгоҳӣ, ҳар яки ин рӯзноманигорон ба 7 соли зиндон маҳкум шуданд.

Ҳоло Завқибек Саидаминӣ дар зиндони маъруф ба “Якум Советский”-и шаҳри Душанбе ва Абдусаттор Пирмуҳаммадзода дар зиндони шаҳри Хуҷанд адои ҷазо мекунанд.

 

“5 моҳ боз аз Абдусаттор хабаре нест”

Абдукарим Пирмуҳаммадзода, додари Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, ба “Азия-Плюс” гуфт, ки аз моҳи март ба ин сӯ аз бародараш хабаре надоранд. Ба қавли ӯ, пайвандонаш чанд маротиба ба зиндони Хуҷанд рафтаанд, вале бо  Абдусаттор Пирмуҳаммадзода мулоқот карда натавонистаанд.

“Моҳи марти ҳамин сол, дар робита ба авф чанд комиссия ба зиндон рафта, бо маҳбусон вомехӯранд ва рӯйхати онҳоеро, ки афв мешавад тартиб медиҳанд... Бародарам ба комиссияҳо мегӯяд, ки “ман бегуноҳам, чаро номи маро ба рӯйхати озодмешудаҳо ворид намекунед?”. Комиссия чизе намегӯяд, вале баъди рафтани онҳо масъулини зиндон бародарамро ҷазо медиҳанд. Чуноне огоҳ шудем, ҳоло дар ҳуҷраи камераи ҷаримавӣ (ШИЗО) аст. Чанд бор ҳамсару фарзандонаш ба Хуҷанд рафтанд, вале дида натавонистанд. Аз ҳамон вақт ба ин сӯ занг ҳам назадааст. Мо аз вазъи саломатиаш хавотир ҳастем”, - гуфт ҳамсуҳбати мо.

Ба гуфтаи Абдукарим Пирмуҳаммадзода, зану фарзандони Абдусаттор Пирмуҳаммадзода ҳоло дар Ваҳдат, дар хонае, ки рӯзноманигор чанд сол пеш бунёд карда буду ҳоло комилан обод нашудааст, зиндагӣ доранд. Ӯ гуфт, ки ҳама бародарони рӯзноманигор ба пайвандони ӯ кӯмак мерасонанд ва шароити зиндагиашро ба таври бояду шояд таъмин мекунанд.

Абдусаттор Пирмуҳаммадзода
Акс аз шабакаҳои иҷтимоӣ

“Зану фарзандони Абдусаттор аз чизе камӣ надоранд. Танҳо худи Абдусаттор намерасад. Ба фарзандони ӯ падар намерасад. Ба оилаи ӯ такягоҳ намерасад”, - гуфт Абдукарим Пирмуҳаммадзода.

 

Саломатии Завқибек Саидаминӣ “хуб нест”

Мағфират Худойназарова, ҳамсари Завқибек Саидаминӣ, дар сӯҳбат бо "Азия-Плюс" аз вазъи саломатии рӯзноманигор изҳори нигаронӣ кард. Ба қавли ӯ, Саидаминӣ пас аз зиндонӣ шудан ба бемории асаб гирифтор шудааст ва як моҳи охир аз дарди чашм азоб мекашад.

Онҳо тахминан ҳар 3 моҳ дар зиндон бо ҳамдигар вомехӯранд ва ҳар ҳафта рӯзноманигор бо пайвандонаш телефонӣ гуфтугӯ мекунад. Бори охирин, ки 27-уми июн зану шавҳар дар зиндон мулоқот доштанд ва  рӯзноманигор аз дарди чашм ва сутунмӯҳра шикоят кардааст.

“Дору бурдем. Мехӯранд. Гуфтанд, ки ба назди камод духтури чашм ҳам рафта, муоилиҷа кардаанд. Ҳолашон он қадар хуб нест”, - бо нигаронӣ иброз дошт Мағфират Худойназарова.

Ҳамчунин, ӯ гуфт, ки чанд вақт аст Саидаминӣ аз дарди сутунмӯҳра ранҷ мекашад. Дар ин муддат ӯ аз дарди сутунмӯҳра табобат гирифтааст, аммо ҳоло он боз хуруҷ кардааст.

Модар ва фарзандони Завқибек Саидаминӣ
Акс аз Радиои Озодӣ

Оилаи Завқибек Саидаминӣ дар Душанбе зиндагӣ мекунанд ва ба қавли ҳамсари рӯзноманигор, шароити зиндагиашон “бад нест”. Ба онҳо бародарони Завқибек Саидаминӣ ва худаш кумаки моливу маънавӣ мерасонанд, вале адами сарпарасти хонавода сахт ҳис мешавад.

“Бачаҳо калон шуданд. Имсол боз як духтарчаам мактабрав мешавад. Дуюмин фарзанди мо, ки ӯро Завқибек ба мактаб намебарад. Дар воқеаҳои хотирмони бачаҳо набудани Завқибек барои мо душвор аст”, - мегӯяд Мағфират Худойназарова.

Пайвандони Завқибек Саидаминӣ умед доранд, ки рӯзе рӯзноманигор ногаҳон ба хона бармегардад.

“Хабарҳои авф шудани маҳбусонро тариқи телевизион медидем, мардҳо аз зиндон баромада, фарзандони худро ба оғӯш мегирифтанд. Духтарчаҳоям ин саҳнаҳоро дида, хурсанд шуданд, хӯрок омода буд, вале нахӯрданд. Ҳарду гуфтанд, ки “интизор мешавем, отам оянд, бо он кас мехӯрем”. Вақте мерафт, духтарҳо занги дарро интизор мешуданд, касе дарро намекӯфт. Баъди ноумед шудан, инони гиряро сар доданд, натавонистам духтарчаҳоямро ором кунам...”, - гуфт Мағфират Худойназарова.

Ӯ мегӯяд, “бачаҳо набудани падарро сахт эҳсос мекунанд ва зиёд азоб мекашанд. Саволи ҳаррӯзаашон ин аст, ки “отам кай хона меояд”. Суоле, ки Худойназарова наметавонад рӯшан посух диҳад.

 

Завқибек Саидаминӣ кист ва чаро зиндонӣ шуд?

Завқибек Саидаминӣ дар шаҳри Роғун таваллуд шудааст ва падари 5 фарзанд аст. Хатмкардаи факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷиткистон аст.

Ӯ муддате дар расонаҳои хусусие чун телевизиони Симои мустақили Тоҷикистон (СМТ) ва нашрияи “ИмрӯзNews” фаъолият кардаву баъдан ба телевизиони давлатӣ ба кор рафт.

Пас аз чанд муддати фаъолият дар телевизиони давлатӣ, ӯ корро дар ин даргоҳ тарк карда, тавре худаш мегуфт, ба тиҷорат машғул шуд. Дар баробари ин, ӯ дар як ширкати сохтмонӣ ҳам ба ҳайси ронандаи “Кран” низ муддате кор кард.

Аммо ӯ ҳеҷ гоҳ аз фаъолиятҳои иҷтимоӣ ва баёни андешаи худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ канор намерафт. Ҳамеша дар фазои иҷтимоӣ фаъол буд. Дар баробари ин, ба сабти навор ва анҷоми корҳои хайриявӣ низ машғул мешуд.

Аз аввалин нафароне буд, ки пас аз муноқишаи марзӣ ба сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон рафт ва аз вазъи минтақаҳои марзӣ гузориш омода карда, дар саҳифаи иҷтимоии худ интишор дод.

Баъдан, ӯ 8-уми июли соли 2022 боздошт гардид ва пас аз чанд рӯз мақомот эълон карданд, ки ин журналист бо моддаи 307, қисми 2, банди 3 (Ташкили иттиҳоди экстремистӣ (ифротгароӣ) гумонбар аст.

Пас аз 4 моҳи боздошт, рӯзи 3-юми ноябри соли 2022 Завқибек Саидаминӣ бо ҳукми Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ 7 сол равонаи зиндони низомаш пурзӯр гардид.

Ӯ айбро рад мекунад ва худро бегоноҳ медонад.

Завқибек Саидаминӣ
Asia-Plus

Ин рӯзноманигори маҳкумшудаи тоҷик пас аз эълони ҳукм аз Додгоҳи шаҳри Душанбе хост, ки ҳукмашро бозбинӣ ва бекор кунанд. Аммо зинаи баъдии додгоҳ ҳам ҳукми ҳабси ӯро бетағйир гузошт.

 

Абдусаттор Пирмуҳаммадзода кист ва чаро зиндонӣ шуд?

Абдусаттор Пирмуҳаммадзода зодаи шаҳри Ваҳдат аст ва падари 4 фарзанд мебошад. Солҳо дар радиои давлатӣ кор кардааст. Ӯ замоне шинохта гардид, ки дар Рӯзи Президент наворе сабт карда, аз мушкилоти рӯзмарраи худ шикоят намуд.

Дар он навор ӯ гуфт, ки чанд сол дар радиои давлатӣ ба ҳайси журналист кор кардаву бо сабабҳои гуногун тарки пеша кардааст ва акнун ҳамчун ронандаи таксӣ кор мекунад. Абдусаттор шикоят дошт, ки кормандони БДА барои озод фаъолият карданаш монеъ мешаванд.

Баъдан ӯ бо пахши наворҳои дигар аз мушкилоти дигари ҷомеа нақл мекард ва миёни мардум шӯҳратёр гашт.

Чанде баъд аз ин, бо пок кардани тамоми наворҳои хеш аз саҳифаҳои иҷтимоияш, Пирмуҳаммадзода эълон кард, ки кори блогериро қатъ мекунад. Ӯ дар як мусоҳибаи худ гуфт, ки барои фаъолиятҳояш баъзе “бузи ҳукумат” гуфтаанд, бархе “хоини миллат” ва бо ҳамин канор рафтани худро аз фазои иҷтимоӣ эълон намуд.

Аммо дертар дубора ба фаъолияти блогерӣ баргашт ва пас аз боздошти Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ, ду рӯзноманигор ва блогери шинохтаи тоҷик, Пирмуҳаммадзода аз камтарин рӯзноманигороне буд, ки ба ҳимояти ин журналистон боҷуръатона садо баланд кард.

Пас аз чанде, аввал барои чанд соат боздошт ва бо эълони “охирин огоҳӣ” озод гардид. Вале бо гузашти чанд рӯз, рӯзи 9-уми июли соли 2022 аз ҷониби кормандони мақомоти интизомии шаҳри Ваҳдат Абдусаттор дубора боздошт ва алайҳаш бо моддаи 307, иловаи 1 (Даъвати оммавӣ барои амалӣ намудани фаъолияти экстремистӣ (ифротгароӣ) ва сафедкунии оммавии экстремизм) айб эълон шуд.

Пас аз қариб 5 моҳи боздошт, рӯзи 26-уми декабри соли 2022 Абдусаттор Пирмуҳаммадзода бо ҳукми додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт 7 сол равонаи зиндон шуд.

Пирмуҳаммадзода айбро рад мекунад ва худро бегуноҳ медонад.

Ин рӯзноманигор пеш аз ҳукми додгоҳ моҳи октябри соли 2022 дар номае аз дохили Боздоштгоҳи муваққатии Душанбе (СИЗО) гуфт, “он қадар заданду кӯфтанду ба барқ монданд, ки мехостам бимирам”.

Чаҳор рӯзноманигори маҳкумшудаи тоҷик дар соли 2022. Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, Далери Имомалӣ, Абдуллоҳ Ғурбатӣ ва Завқибк Саидаминӣ

Ҳарчанд Додгоҳи олӣ гуфт, шиканҷа шудани Абдусаттор Пирмуҳаммадзода тасдиқ нашуд, боз Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон хабар дод, ки далели шиканҷа шудани Абдусаттор Пирмуҳаммадзодаро месанҷад. Аммо то ҳол дар ин робита иттилое интишор нашуд.

Баъди ҳукми додгоҳ пайвандонаш ба зинаҳои болоӣ шикоят карданд, вале дар зинаҳои болоии додгоҳ ҳам ҳукми ин рӯзноманигор тағйир надод.

Созмонҳои журналистиву ҳомии ҳуқуқи башар ҳам аз боздошти ин ду журналисти тоҷик бонги хатар мезананд ва аз мақомоти Тоҷикистон озодии онҳоро талаб мекунанд, аммо то ҳол ҳеҷ акси садое нест.

Дар бораи имрӯзи журналист Абдуллоҳ Ғурбатӣ ва блогер Далери Имомалӣ, ки низ зиндонианд ва вазъи оилаҳои онҳо дар ин пайванд мутолиа кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.