Беш аз 70 шаҳрванди Тоҷикистон аз тарафи Русия ба ҷанги Украина рафта, кушта шудаанд, ки ин дар миёни хориҷиёни кушташуда дар ин ҷанг, ки ҳуввияташон аллакай мушаххас шудааст, аз ҳама бештар мебошад. Дар ин бора дар як таҳқиқоти журналистии ББС ва “Медиазона” зикр мешавад.
Ин дар ҳолест, ки моҳи апрели соли равон тарҳи давлатии Украина - “Зистан мехоҳам” (Хочу жить) навишт, ки аз 931 зодаи Тоҷикистон, ки дар ин ҷанг ширкат мекунанд, “то имрӯз 196 нафари онҳо кушта шудаанд”.
Гузорши нави ББС дар маҷмӯъ, номи 118 ҳазору 139 низомии кушташудаи Русияро ташхис ва шиносӣ кардааст, ки дар байни онҳо беш аз 500 шаҳрванди хориҷӣ аз 28 кишвари ҷаҳон ҳам ҳастанд.
Дар ин таҳқиқот миёни шаҳрвандони хориҷӣ бо 72 кас Тоҷикистон дар ҷои аввал, Непал бо 70 кушта дар ҷои дуввум ва Ӯзбакистон бо 66 кушта дар ҷои сеюм қарор дорад. Гурҷистон ва Украина бо куштаҳои камтар дар зинаҳои чаҳорум ва панҷум қарор доранд.
Зикр мешавад, ки беш аз нисфи кушташудаҳо онҳое мебошанд, ки аз зиндонҳои Русия ва имзои созишнома бо ширкати "ЧВК Вагнер" ба ҷанг рафтаанд. Аз ҷумла, аз миёни 72 шаҳрванди Тоҷикистон, 43 тани онҳо мустақиман аз маҳбасҳо ба ҷанг бурда шудаанд.
ББС таъкид мекунад, ки ба ин рӯйхат танҳо он хориҷиён шомил шудаанд, ки дар замони имзои қарордод шаҳрвандии Русияро надоштанд ва маргашон бар асоси манобеъи боз - гузоришҳои мақомот, ҳамдардии наздикон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва ё акси гӯрҳо таъйид шудааст.
Ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ, ҷанг миёни Русия ва Украина як василаи фишор болои муҳоҷирон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки дар Русия кор мекунанд, шудааст. Онҳо маҷбур мешаванд, ки дар ивази ваъдаҳо, масалан, лағви мамнӯъияти вуруд, тезонидани гирифтани шаҳрвандӣ ва ё лағви ихроҷ дар ҷанг ширкат кунанд.
Қаблан, тарҳи “Зистан мехоҳам” навишта буд, ки аз 931 зодаи Тоҷикистон 196 тани онҳо то моҳи январи соли 2025-ум кушта шудаанд. Аз ҳама бештар дар соли 2024 – 147 кас.
“Фавтидагон аз 18 то 70-сола ҳастанд. Як нафар пас аз 7 рӯзи имзои шартнома кушта шудааст”, - зикр мекунад манбаъ.
Онҳо гуфта буданд, ки аксари зодагони Тоҷикистон, ки алайҳи Украина меҷанганд, аз сӯйи мақомоти гуногуни Русия бо фиреб, таҳдид, фишор ва сӯйистифода аз вазъи танги онҳо дар муҳоҷират ба ҷанг ҷалб мешаванд.
Тоҷикистон то ба ҳол дар бораи марги шаҳрвандонаш дар ҷанги Украина, ҳам дар бораи тарҳи “Зистан мехоҳам” ва ҳам таҳқиқоти ББС вокуниши расмӣ накардааст.
Ҳарчанд, ҳанӯз аз оғози ҷанги Русия дар Украина ва ба такрор аз шаҳрвандонаш хост, дар ин ҷанг иштирок накунанд, зеро он паёмади ҳуқуқӣ дорад ва муҷозот хоҳанд шуд.
Коршиносон мегӯянд, Русия дар симои муҳоҷирон аскари тайёрро мебинад ва ҳарчи бештар онҳоро дар ҷанг қурбон кардан мехоҳад.
Русия ҳеҷ гоҳ пинҳон накардааст, ки шаҳрвандони кишварҳои дигар, аз ҷумла Тоҷикистонро барои имзои шартнома бо артишаш ва минбаъд ҷанг дар Украина ҷалб мекунад.
Мувофиқи иттилои Кумитаи тафтишотии Русия ба ҳолати июни соли 2024, зиёда аз 10 ҳазор муҳоҷири меҳнатӣ, ки шаҳрвандии Русияро гирифтаанд, барои иштирок дар амалиётҳои ҷангӣ дар Украина фиристода шудаанд.
Аз ҷумла, аз зиндониён, ки зодаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳастанд ва ба ҷанги Украина иҷборӣ ҷалб мешаванд, мақомоти Русия ҳарфе намезанад, ҳарчанд расонаҳо борҳо шикояти зиндониёнро нашр карданд.





Хранитель Сиёмы. Какой он, отшельник Иван Брагин?
Apple и Google заявили о возможных хакерских атаках на пользователей в Центральной Азии
Служба связи Таджикистана предупредила о мошеннических звонках от имени мобильных операторов
Таджикистан и ООН обсудили разработку новой программы сотрудничества по устойчивому развитию на 2027–2030 годы
В Таджикистане выросло число ищущих работу: вакансий меньше, чем желающих трудоустроиться
2,7 млрд человек получили доступ к воде, но ухудшение экосистем ставит под угрозу достигнутый прогресс, — доклад АБР
Таджикские дети, вернувшиеся с войны, снова учатся мечтать
В Раште молодожены погибли от отравления угарным газом
Тяжелоатлет из Таджикистана установил новый мировой рекорд в пауэрлифтинге
Трамп выразил разочарование тем, что Зеленский не изучил мирное предложение США
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста