Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар идомаи сафари корӣ дар вилояти Суғд имрӯз, 12-уми июл ба ноҳияи Деваштич рафта, чанд иншоотро ба истифода дод.
Аз ҷумла, Маркази саломатии деҳаи Қалъаи Дӯст, ки аз тарафи соҳибкорон ва ҳукумати ноҳия бо маблағи 6,5 миллион сомонӣ сохта шудааст. Дар он 12 нафар ба кор таъмин шуда, бино барои 1600 оила ва 6780 сокини деҳаи Қалъаи Дӯст хидмат мерасонад.
Марказ дорои 18 ҳуҷраи корӣ ва 18 рахти хоби рӯзона мебошад.
Иншооти дигар, коргоҳи ба номи “Раҳматулло”-и деҳаи Қалъаи Дӯст мебошад, ки пойафзол ва маводи шустушӯӣ истеҳсол мекунад. Иқтидори истеҳсолии корхона 5200 пойафзол дар як моҳ ва то 500 ҳазор дона собун дар як сол буда, аз ҷониби соҳибкор Раҳматулло Нуруллоев бо маблағи зиёда аз 3 миллион сомонӣ сохта шудааст.
Дар коргоҳ наздики 40 сокини маҳаллӣ соҳиби кор шудаанд;
Роҳбари давлат ҳамчунин, дар деҳаи Басманда Коргоҳи дӯзандагӣ ва қолинбофии “Ёсуман”, ки дар майдони 420 метри мураббаъ бунёд шуда, дорои 10 дастгоҳи қолинбофӣ аст, ба истифода дод.
Коргоҳ аз ҷониби соҳибкор Имомиддин Ғафуров бунёд ёфта, барои 40 ҳунарманд ҷойи корӣ фароҳам сохтааст.
Кӯдакистони №6 ба номи “Фотима ва Зуҳро” дар деҳаи Басманда аз ҷумлаи дигар иншооте буд, ки Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дод. Он 2 ошёна дошта, барои тарбияи 120 кӯдак дар 4 гурӯҳ пешбинӣ шудааст.Дар кӯдакистон наздики 30 омӯзгор ба кор таъмин гардидаанд. Ин макон бо саҳми соҳибкорони маҳаллӣ ва шахсони саховатпеша таъмиру навсозӣ гардидааст;
Ҳамчунин, тибқи иттилои расмӣ, Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич 1 мактаб дар деҳаи Муҷин ва 5 кӯдакистон дар деҳаҳои Ҳазорчашма, Нуробод, Росровут, Чӯянгарон ва Басманда, инчунин, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ-ро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор додааст.
Гуфта мешавад, дар 5 кӯдакистон беш аз 100 мураббӣ ба кор таъмин гардида, зиёда аз 400 кӯдак ба тарбия фаро гирифта шудааст.
Дар идома, Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Басмандаи деҳоти Ваҳдати ноҳияи Деваштич хатти оби полезиро бо се чоҳи амудӣ ба истифода додааст.
Хатти оби полезӣ аз мавзеи Басманда аз масофаи беш аз 9 километр тавассути қубури қутраш 400 миллиметра оварда шудааст. Ба ин восита масоҳати заминҳои обии саҳмдорони хоҷагии деҳқонии Ҳотам Қурбонов аз 375 гектар ба 800 гектар расид.
Мақомот гуфтанд, бо обёрии 500 гектар замини нави картошка дар ноҳияи Деваштич 1000 кас соҳиби кор шудааст.
“Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини соҳа супориш доданд, ки бо истифода аз тамоми имконоти мавҷудаи кишвар истеҳсоли картошка дар ноҳияи Деваштич то соли 2030 ба 500 ҳазор тонна ва то соли 2050 ба 1 миллион тонна расонида шавад”, навиштааст хадамоти матбуотии президент.
Ҳамчунин, дар ҳамин ҷо ба Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи заминҳои нави ҳамин сол обёришуда дар ноҳияҳои Деваштич, Кӯҳистони Мастчоҳ ва Шаҳристонро, ки дар онҳо кишти картошка гузаронида шудааст, муаррифӣ карданд. Таъкид гардид, ки ба ҳамин восита майдони кишти картошка дар ноҳияҳои Кӯҳистони Мастчоҳ 1053, Деваштич 816 ва Шаҳристон 501 гектарӣ нисбат ба дурнамо зиёд шуд.
Ёдовар мешавем, ки сафари кории раисҷумҳур ба вилояти Суғд дирӯз, 11-уми июл аз ноҳияи Айнӣ оғоз гардида, баъдан дар шаҳри Панҷакент идома ёфт. Дар ин ду минтақа кадом иншооти иҷтимоиву корхонаҳои саноатӣ боз шуд, дар ин маводи “Азия-Плюс” хонед. Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд то 13-уми июл давом мекунад.




Пенсионеров Таджикистана переводят на цифровую идентификацию
20 метров в сутки: Ледник Дехдал в Таджикистане снова начал двигаться
Ушел из жизни ветеран «Памира» Владимир Сысенко
В отношении двух жителей Таджикистана составлен протокол за незаконный отлов щеглов
Театр оперы и балета возродит мужские национальные танцы
В Душанбе задержали четверых мужчин в центре «Dream»
МВД Таджикистана прокомментировало пожар на территории рынка «Корвон»
Таджикистанец Екубов подписал контракт с LFA: бой уже в новом году
Мухаммад Наимов техническим нокаутом проиграл Майрону Сантосу на UFC 323
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 8 декабря 2025 года
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста