Ҳадафи тасмим пайвастшавии мустақими шабакаҳои телекоммуникатсионии Тоҷикистон бо Чин, беҳтар кардани суръат ва арзиши интернет дар кишвар мебошад. То имрӯз 108 км хатҳои оптикӣ ва симчубҳо дар ҳудуди ноҳияҳои Шамсиддини Шоҳин ва Дарвоз насб шудаанд.
Бахтовар Абдусаторров, муовини аввали директори генералии "Тоҷиктелеком", ки ин лоиҳаро амалӣ мекунад, гуфт, татбиқи ин лоиҳа барои афзун кардани иқтидори канали интернет кӯмак мекунад, ки дар натиҷа арзиши интернет поён рафта, барои операторони мобилӣ имконияти пешниҳод кардани хидматрасонии арзонтар фароҳам меояд.
Шеравган Холзода, муҳандиси лоиҳа мегӯяд, ноқилҳои 48-қабата (жила)-и оптикиро аз Душанбе то Хоруғ кашида, дар марҳилаи баъдӣ, то сарҳади Чин идома хоҳанд дод.
Бештар, дар навори мо тамошо кунед:
Бояд гуфт, ки ҳамарӯза сокинони Тоҷикистон аз нархи баланд ва сифати пасти инетрнет дар Тоҷикистон шиикоят мекунанд. Дар раддабандии арзиши интернети мобилӣ барои соли 2024, ки “Global Relocate”таҳия кардааст, Тоҷикистон дар байни 238 кишвар ва қаламравҳои вобаста дар ҷойи 142-ум қарор дорад. Мувофиқи иттилои ин раддабандӣ, арзиши миёнаи 1 ГБ интернет дар кишвар 1,65 долларро ташкил медиҳад.




ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста