Дар ҷаласаи 37-уми Шӯрои байналмилалии ҳамоҳангсозии Барномаи “Инсон ва биосфера”, ки рӯзи 27 сентябри соли 2025 дар шаҳри Ҳанчжоуи Чин гузашт, мамнуъгоҳи биосферии “Ромит” ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои ЮНЕСКО шомил гардид.
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки воридшавии “Ромит” ба ин шабака инъикоси уҳдадориҳои Тоҷикистон дар самти рушди устувор, ҳифзи гуногунии биологӣ ва ҳамзистии мутаносиби инсон бо табиат мебошад.
ВКХ мегӯяд, мамнуъгоҳи биосферии “Ромит”, ки дар минтақаи нодири экологӣ ҷойгир аст, бо гуногунии бойи биологӣ, мавҷудияти намудҳои эндемикӣ ва усулҳои анъанавии истифодабарии замин машҳур аст.

“Эътироф кардани “Ромит” ҳамчун намунаи муваффақ барои ҳифзи табиат бо дарназардошти ниёзҳои ҷомеаҳои маҳаллӣ ба дастгирии тадқиқоти илмӣ, маърифати экологӣ ва рушди устувори иқтисодӣ мусоидат хоҳад кард”, - навиштааст ин ниҳод.
Ҳамасола чанде аз ёдгориҳои фарҳангиву таърихӣ, расму маросим ва иду ҷашнҳои таърихии Тоҷикистон ҳамчун мероси ҷаҳонии ЮНСЕКО шинохта мешавад.
Аз ҷумла, бори охир дар иҷлоси 47-уми Кумитаи мероси ҷаҳонӣ дар шаҳри Пориси Фаронса 11 ёдгории мероси фарҳангии "Хуттали Қадим" воқеъ дар вилояти Хатлон ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардидаанд.

Мақсади асосии ворид намудан ба ин рӯйхат, ҳифзи расму оини суннатӣ, дониш, малака ва интиқоли онҳо ба наслҳои оянда гуфта мешавад.
Дар баробарин ин, чанде аз мавзеъҳои сайёҳӣ ва куҳиву кишоварзии Тоҷикистон ҳамчун макони мероси кишоварзӣ ва сайёҳии ҷаҳонӣ эътироф мешавад. Аз ҷумла, моҳи июли соли равон дараи Алмосии кишвар расман ҳамчун иншооти мероси кишоварзии дорои аҳаммияти ҷаҳонӣ эътироф гардид. Ин мақом ба ин мавзеъ аз ҷониби Барномаи озуқа ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (ФАО) дар ҷаласаи гурӯҳи илмиву машваратӣ дода шуд.
Ин рӯйдоди таърихӣ Тоҷикистонро ба аввалин кишвари тамоми фазои пасошӯравӣ табдил медиҳад, ки иншооти худро ба феҳристи бонуфузи "Низомҳои мероси кишоварзии дорои аҳаммияти ҷаҳонӣ" (GIAHS) ворид кардааст.




ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста