То 25-уми сентябр дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 107 километр сим, сутунҳои оҳану бетонӣ ва симхор насб шуда, ҳудуди 143 километр роҳ бунёд шудааст. Дар ин бора хабаргузории 24.kg бо истинод ба Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон хабар додааст.
Ҷониби Тоҷикистон дар бораи оғози симхоркашии сарҳади худ бо Қирғизистон ҳоло хабар надодааст.
Қирғизистон охири моҳи апрели соли ҷорӣ ба симхоркашӣ дар хати марз оғоз карда буд. Тибқи иттилои намояндаи ваколатдори президенти Қирғизистон дар вилояти Ботканд, ин кишвар нақша дорад, ки то охири соли 2025-ум 420 километри сарҳади худро бо симхор маҳкам кунад.
Чанд моҳ пеш, Қамчибек Тошиев, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон гуфта буд, ки барои симхоркашӣ беш аз 200 нафар ва чанд техникаи махсус ҷалб шудаанд.
Ба иттилои номбурда, дарозии умумии марзи Тоҷикистону Қирғизистон 1008,14 км буда, дар марҳилаи аввал дар 420 километри хати марз насби симхор ба нақша гирифта шудааст.
Қамчибек Тошиев дар ҷаласаи 91-уми Шӯрои фармондеҳони нерӯҳои марзбонии кишварҳои узви ИДМ, ки дар шаҳри Манас баргузор шудааст, гуфтааст, ки ба зудӣ ҳузури доимии марзбонӣ дар марзи миёни Тоҷикистону Қирғизистон аз миён бардошта мешавад.
Ба гуфтаи Тошиев, президентҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон талош доранд, то шароитеро фароҳам оранд, ки шаҳрвандони ду кишвар “танҳо дар дӯстӣ зиндагӣ кунанд”.

Ҷузъиёти бештар аз эҳтимоли қатъ кардани фаъолияти марзбонон дар марзи ду кишвар ифшо нашудааст.
Ёдрас мешавем, ки Тоҷикистон ва Қирғизистон баъди чандин соли нофаҳмиҳо, ки боиси даргирӣ ва қурбонии садҳо нафар аз ду ҷониб шуд, ниҳоят дар масъалаи баҳси мушаххассозии сарҳад ба созиш расиданд.
Рӯзи 13-уми марти соли 2025 Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ва Содир Жапаров, раисҷумҳури Қирғизистон созишномаи ниҳоӣ дар бораи марзи давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистонро дар шаҳри Бишкек имзо карданд.
Ҳамчунин, бо ширкати роҳбарони ду давлат ду гузаргоҳи марзӣ ва ҳамин тариқ, марзи ду кишвар, ки беш аз 4 соли ахир баста буд, ба таври тантанавӣ боз шуданд. Рӯзҳои 18-19 март парлумонҳои ду кишвар ин шартномаро ба тасвиб расониданд.
Тафсилоти созишномаи марзиро дар бораи он ки тарафҳо кадом қитъаҳоро иваз карданд, дар ин пайванд мутолиа кунед.




ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста