Шабакаи телевизионии “Ому” бо такя ба манбаъҳояш навиштааст, ки мақомдорони гурӯҳи Толибон* дар дидорҳояшон бо ҳайати Тоҷикистон, ки тӯли чанд рӯз аст дар Кобул қарор доранд, хостаанд, ки Душанбе ҳукумати ин гурӯҳи ҳоким дар Афғонистонро ба расмият шиносад.
Ба гуфтаи манбаъ, Толибон аз ин ҳайат, ҳамчунин, хостаанд, Тоҷикистон сафорати Афғонистон дар Душанберо ба намояндаи Толибон вогузор кунад.
Сафорати Афғонистон дар Душанбе то ҳол аз сӯи Заҳир Ағбар, сафири таъйинкардаи ҳукумати пешини Афғонистон идора мешавад.
Ба гузориши “Ому”, ҳайати Тоҷикистон то кунун ба ин дархостҳои Толибон вокуниш нишон надодааст.
Мақомоти Тоҷикистон дар Душанбе низ ба ин хабарҳои расонаҳои Афғонистон вокуниш накардаанд.
Ҳайати Тоҷикистон, ки ба навиштаи расонаҳои Афғонистон, иборат аз 14 мақоми амниятӣ, истихборотӣ ва диломатӣ аст, рӯзи 15-уми ноябр барои дидор бо мақомҳои Толибон вориди Кобул шуда буд.
Ба иттилои расонаҳо, ин ҳайат бо раиси вазирон, вазири дифоъ, вазири корҳои хориҷӣ, раиси ситоди артиш, вазири сарҳадот ва вазири истихбороти ҳукумати Толибон мулоқот кардааст.
Аз ҷумла, Абдулвоҳид Мирзозода, муовини аввали Кумитаи нерӯҳои сарҳадии Тоҷикистон дар мулоқот бо Нуруллоҳ Нурӣ, вазири умури сарҳадот, ақвом ва қабоили ҳукумати Толибон* гуфтааст, ки Тоҷикистон мутааҳид ба густариши ҳамкориҳо, ба вижа дар бахши иқтисодӣ, бо Афғонистон аст.
Ӯ бо баёни он ки мардуми ду тараф хоҳони амният ҳастанд, афзудааст, ки ду тарф бояд мушкилоти мавҷуда дар хатти марзро аз тариқи ҳамдигарфаҳмӣ ҳал кунанд.

Вазифаи Абдулвоҳид Мирзозода дар расонаҳои Тоҷикистон гуногун шарҳ дода шудааст. Ҷое ӯро сардори раёсати муҳофизати сарҳади давлатии Неруҳои марзбонӣ ва ҷои дигар муовини фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ муаррифӣ кардаанд.
Ба навиштаи “Ому”, ҳайати Тоҷикистон дар дидор бо мақомдорони Толибон бештар ба масъалаи ивази зиндониён, амнияти марзҳо, мубориза бо гурӯҳҳои террористӣ, афзоиши ҳамкориҳои иқтисодӣ, ба хусус масъалаи кони тиллои Бадахшон таваҷҷуҳ зоҳир кардааст.
Бояд гуфт, Тоҷикистон ягона кишвар дар Осиёи Марказӣ аст, ки ба таври расмӣ мегӯяд, бо Толибон равобити мустақим надорад, аммо гузоришҳо аз мулоқоту машвари дуҷониба, ки вақтҳои охир зиёд нашр мешаванд, гумони нармиш дар сиёсати Тоҷикистон дар қиболи Толибонро зиёд мекунад.
Аз ҷумла, чанде пеш расонаҳо аз сафари як ҳайати дигари Тоҷикистон зери раҳбарии Заробиддин Файзуллозода, муовини раиси вилояти Хатлон ба шаҳри Қундуз ва мулоқоти ӯ бо Мулло Муҳаммадхон, волии Толибон дар ин вилоят гузориш дода буданд.
Пеш аз ин хабарҳо дар бораи сафари Юсуф Вафо, волии вилояти Балх ба Душанбе ва дидораш бо бо Саймумин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ва Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламо ва муфтии Тоҷикистон расонаӣ шуда буд.
Пештар аз ин, боз ҳам расонаҳои Афғонистон навишта буданд, ки Саймумин Ятимов ба Кобул сафар карда, бо мақомдорони Толибон вохӯрдааст. Аммо мақомоти Тоҷикистон ҳеҷ як аз ин сафару дидорҳоро тасдиқ ё рад накарданд.
*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.





ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста